Тартиби карантин дар чор шаҳри вилояти Тошканд пурзӯр карда мешавад

Тартиби карантин дар чор шаҳри вилояти Тошканд пурзӯр карда мешавад

Имрӯз, 9-уми апрел, дар шаҳрҳои Олмалиқ, Ангрен, Янгийӯл ва Чирчиқи вилояти Тошканд тартиби карантинӣ пурзӯр карда мешавад. Дар ин бора, Хизмати матбуоти ҳокимияти вилояти Тошканд хабар медиҳад.
«Вуруд ва тарк намудани шаҳрҳо аз тарафи шаҳрвандон маҳдуд карда мешавад. Ғайр аз ҳолатҳои фавқулодда ва мошинҳои боркаш.
Бо назардошти вазъият, дар ноҳияҳои атрофи ин минтақаҳо ярмаркаи хӯрокворӣ ташкил карда мешавад. ”
То имрӯз талаботҳои карантинӣ дар Тошканд ва Нукус инчунин, дар марказҳои 12 вилоят пурзӯр карда шуда, вуруд ва хориҷи шаҳрҳо маҳдуд карда шуда буд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ