Ба блогер 7 рӯз ҷазои маъмурӣ таъин гардид

Ба блогер 7 рӯз ҷазои маъмурӣ таъин гардид


Баъзе блогерҳо видеоҳоеро дар мавзӯъҳои ғайриқонунӣ тарғиб мекунанд ва масъулияти худро дар назди аудитория ва қонун фаромӯш карда истодаанд.
Дар саҳифаи Instagram, диққати кормандони Садорати корҳои дохилии Тошкандро якчанд акс ва видеоҳо ҷалб кард, ки дар он муаллиф ба талаботҳои санитариву эпидемиологӣ беэътиборӣ мекунад, инчунин ҳарфҳои дурушт гуфта, нисбати кормандони СКД нописандӣ зоҳир намудааст.
Дар натиҷаи тафтишоти кормандони СКД дар пойтахт шахсе, ки ин аккаунтро идора мекунад, шахси қабл аз ин маҳкумшуда А.Ҳайдари 21 сола мебошад.
Ҳуҷҷатҳои ҷамъовардашуда барои андешидани чораҳои маъмурӣ ба Суди маъмурии ноҳияи Миробод фиристода шуданд.
Тибқи моддаи 183 Кодекси ҷавобгарии маъмурии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон, суд ба шахси қонуншикан ҳафт рӯз ҷазои маъмурӣ таъин кард.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ