Дар деҳаҳои дурдасти ноҳияи Иштихон ярмаркаи савдои сайёр ташкил карда шуд


Дар ноҳияи Иштихон ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо молҳои мавриди ниёзи мардум чораҳои зарурӣ андешида мешаванд. Дар айни замон, бо маҳсулоти озуқавории зарурӣ таъмин намудани деҳаҳои дурдасти ноҳия барои таъмини устувории нархҳо дар ин маҳалҳо, пешгирии нарасидани озуқаворӣ хизмат менамояд.
Бо ин мақсад, имрӯзҳо дар деҳаҳои Зарбанд, Зарбулоқ, Ҳазарбобо, Бешариқ, Бӯстон, Ӯзбекқӯрғон дар аксари деҳаҳои дурдасти ноҳия ярмаркаи савдои сайёр ташкил карда шудааст. Орд бо нархи 145 ҳазор сӯм, картошка ба 4 ҳазор сӯм, пиёз ба 2 500 сӯм ва равған аз 45 ҳазор то 50 ҳазор сӯм фурӯхта шуд. Орд инчунин, ба сокинони деҳаҳои Кӯрли ва Қайирма бо нархҳои арзон расонида шуд.
Хизмати ахбори ҳокимияти ноҳия

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ