Имрӯз машварати Шӯрои Амнияти  Созмони Милали Муттаҳид тавассути видеоконференсия доир мегардад.

Дар он чӣ гуна масъала баррасӣ мешавад?
Имрӯз, 9-уми апрел, Шӯрои Амнияти  Созмони Милали Муттаҳид тавассути видеоконференсия оид ба вазъ дар мавриди пандемияи коронавирус машваратҳои пӯшида баргузор хоҳад кард. Дар ин бора рӯзи душанбе як манбаъ аз Шӯрои амният ба ТАСС иттилоъ дод.
«Тасмим гирифта шуд, ки машваратҳо рӯзи панҷшанбе баргузор карда шаванд», — гуфт манбаъ.
Баргузории ин гуна ҷаласа дер боз мавқуф гузошта мешуд, зеро масъалаи эпидемия дар рӯзномаи Шӯрои Амният гузошта нашудааст, аммо ҳоло мамлакатҳо чунин меҳисобанд, ки баррасии таъсири пандемия ба мавзӯъҳое, ки таҳти назорати Шӯрои Амният қарор доранд, тавсия дода шавад. Аз ҷумла, инҳо пешниҳоди Дабири кулли СММ оид ба сабук кардани таҳрим алайҳи баъзе давлатҳо, хотима додан ба амалиёти ҷангӣ, инчунин кумаки башардӯстона ва таъсири пандемия ба амалҳои сулҳхоҳона мебошанд.
Баргузории ҷаласаро нуҳ узви муваққатии Шӯрои Амният (Белгия, Ҷумҳурии Доминикан, Ветнам, Германия, Индонезия, Нигер, Сент-Винсент ва Гренадин, Тунис ва Эстония) хоҳиш намудаанд. Қаблан Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш тасдиқ карда буд, ки бо дархости Шӯро ӯ дар ҷаласа гузориш хоҳад дод.
Тибқи маълумоти  охирин, дар ҷаҳон тақрибан 1,4 миллион нафар бо коронавирус сироят ёфтаанд ва тақрибан 70 ҳазор фавтида ба қайд гирифта шудаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ