Олимони Қазоқистон барои ошкор намудани коронавирус тетсҳо таҳия карданд

Олимони Қазоқистон барои ошкор намудани коронавирус тетсҳо таҳия карданд

  • Post category:Ҷаҳон


Олимони Қазоқистон барои ошкор намудани коронавируси COVID-2019 тетсҳо таҳия кардаанд. Дар ин бора хабаргузории “Казинформ” бо истинод ба Маркази миллии илмии сироятҳои махсусан хатарноки Қазоқистон иттилоъ додааст.           
«Тест -системаҳои санҷишӣ барои бақайдгирӣ равона шудаанд, мо мехоҳем дар оянда онҳоро ба истифода диҳем. Мо тестҳои Россия, Аврупо ва Чинро дорем. Тестҳои мо дар ҳассосият ба онҳо баробаранд. Пас аз гирифтани мавод мо дар муддати 5-6 соат хулосаи худро хоҳем дод, ки натиҷаи он  мусбат ё манфӣ аст «- гуфт директори маркази мазкур Токтасин Ерубаев.
Ба гуфтаи вай, аз рӯи ин тестҳо олимони биотехнологи ду вазорат — маориф ва илму тандурустӣ кор карданд. Тестҳо барои муайян кардани коронавирус пас аз ду моҳ ба озмоишгоҳҳои ташхисӣ равон карда мешаванд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ