Антониу Гутерриш: иақрибан 70 кишвар амалиёти ҷангиро қатъ карданд

Антониу Гутерриш: иақрибан 70 кишвар амалиёти ҷангиро қатъ карданд
  • Post category:Ҷаҳон


Тақрибан 70 кишвар даъвати Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳидро ҷонибдорӣ намуда, амалиёти ҷангиро дар давраи пандемияи COVID-19 қатъ карданд, изҳор дошт Антониу Гутерриш зимни нишасти матбуотии маҷозӣ, хабар медиҳад Vesti.ru.
Дабири кулл ба Сурия, ки дар он ҷо аввалин фавт аз коронавирус ба қайд гирифта шудааст, таваҷҷуҳи хос зоҳир намуд. Созишномаи оташбас дар Идлиб ва созиши Россияву Туркия амалӣ мешаванд, менависад «Интерфакс» аз қавли Гутерриш. Аммо, муҳим аст, ки амалиёти низомӣ дар Ҷумҳурии Арабӣ комилан қатъ карда шаванд. Танҳо он вақт метавон ба шаҳрвандони ин кишвар кумаки башардӯстона расонд.
Ливия ба даъвати Дабири кулли СММ ҳамроҳ нашудааст. Аз ҷумла, дар Триполи мубориза, баръакс тақвият меёбад, зикр мекунад роҳбари дипломатияи ИА Жозеп Боррел.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ