1051 нафар шаҳрванде, ки дар карантин буданд ба оилаашон баргаштанд

1051 нафар шаҳрванде, ки дар карантин буданд ба оилаашон баргаштанд


Дар бинои маркази тайёрнамоии мутахассисони хурди қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон муддати карантинашон ба охир расид.
1051 нафар шаҳрванде, ки 25 уми март ба ин манзил оварда буданд, 2 маротиба аз тести лабораторӣ гузашта, дар назорати тиббӣ буданд. Натиҷаҳои таҳлил ҳаминро нишон медиҳад, ки дар ягонтои онҳо ягон хел аломати инфексияи коронавирус аниқ нашудааст. Дар оянда ин шаҳрвандон ба муддати 10 рӯзи дигар дар карантини хонагӣ ва назорати тиббӣ мемонанд.
Дар айни ҳол шумораи дар карантинбудагон, дар Самарқанд 2649 нафарро ташкил медиҳад.
Бояд таъкид намуд, ки то санаи 9 уми апрел соати 13: 00 дар вилояти Самарқанд инфексияи коронавирус дар 1 кас аниқ шудааст.
Хизмати ахбори Садорати ҳифзи тандурустии вилояти Самарқанд
Манбаъ: Zarnews

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ