Президентҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Президентҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Имрӯз Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Президенти Ҷумҳурияти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Дар оғози суҳбат Президенти Ҷумҳурияти Тоҷикистон ба роҳбарият ва мардуми мамлакати мо барои кумаки башардӯстона ба Тоҷикистон, ки ҷиҳати пешгирии паҳншавии коронавируси нав расонида шуд, арзи сипос намуданд.
Президенти Тоҷикистон иброз дошт, ки ин кумаки дӯстонаи иборат аз маҳсулоти хӯрокворӣ ва лавозимоти тиббӣ дар шароити имрӯзаи барои ҳамаи мо душвор хеле зарур буда, боз як нишонаи анъанаҳои деринаи дастгирии якдигараст, ки халқҳои моро бо ҳам мепайванданд. Мардумони Ӯзбекистону Тоҷикистон ҳамчун ду ҳамсояи наздик тӯли асрҳо ба ҳамдигар дасти мадад дароз мекарданд.
Ҳамзамон ҷараёни устувори рушди мунтазами ҳамкории Ӯзбекистону Тоҷикистон дар доираи шарикии стратегӣ зикр гардид.
Зимни идомаи табодули афкор оид ба мавзӯи зуҳуроти буҳрон дар иқтисоди ҷаҳонӣ ва тамоюлҳои хавфноки афзоиши таназулли нав, ҷонибҳо ба ҳамдигар оид ба вазъи дар ду давлат дар пасманзари хатарҳои паҳншавии пандемияи коронавирус баамаломада иттилоъ доданд.
Аҳамияти ҳамоҳангсозии минбаъдаи кӯшишҳои минтақавӣ барои пешгирии таъсири манфии оқибатҳои пандемия ба кишварҳои минтақа таъкид карда шуд.
Дар робита ба ин, омодагии тарафҳо барои амалиёти муштараки мақсаднок якҷоя бо тамоми кишварҳои минтақа барои рафъи вазъи буҳронӣ изҳор карда шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ