Ҳикоёти пандомӯз аз ҳаёти файласуфон

Шогирдон аз Исо алайҳиссалом пурсиданд:
– Интиҳои мо чӣ гуна аст?
Исо алайҳиссалом чунин ҷавоб дод:
– Пеш аз ҷустуҷӯйи интиҳо оё ибтидоро ёфтед? Зеро ибтидо дар куҷое, ки бошад, интиҳо ҳам он ҷост. Одаме, ки ибтидоро ёфтааст, хушбахт аст. Чунки он интиҳоро мефаҳмонад ва ба ҷовидонӣ дохил мешавад.

Сенека (файласуфи Рими қадим) гуфта будааст: «Ҳама дар бораи дуруст зиндагонӣ кардан не, балки барои умри дароз дидан ғам мехӯранд. Ҳол он ки бо роҳи рост зиндагӣ кардан аз дасти ҳама меояд, умри дароз дидан бошад, ба ҳеҷ кас насиб намегардад».

Эпиктет чун аксар файласуфон як умр дар қашшоқӣ зистааст. Вай доим такрор кардани ибораҳои «сабр кун ва тоқат намо»-ро дӯст медоштааст.

Аз рӯйи ривоятҳо ҳоким Леон ҳангоми сафари шаҳри Флиунт аз Пифагор (576-496 пеш аз мелод) пурсидааст:
– Ту донандаи кадом илм мебошӣ?
– Ҳеҷ ягон илм, – ҷавоб додааст ӯ, – ман файласуфам.
– Худи фалсафа чист? – бо тааҷҷуб пурсидааст ҳоким.
Ба ин савол Пифагор чунин ҷавоб додааст:
– Умри инсонро ба бозор ва бозиҳои олимпӣ монанд кардан мумкин аст. Фурӯшандаҳои бозор ва харидорони бозор доимо фоидаи худро ба назар мегиранд. Иштирокчиёни бозиҳои олимпӣ бошанд, аз пайи шаъну шӯҳрат ва машҳур гаштан мешаванд. Тамошобинони бозигоҳҳо бодиққат онҳоро наззора мекунанд. Дар ҳаёт ҳам ҳамин хел. Як гурӯҳи калони одамон аз пайи шӯҳрат ва зиёд кардани бойигариҳо давутоз менамоянд. Ана дар байни ҳамин одамони арасот як гурӯҳи хурде мавҷуданд, ки онҳо аз як гӯшае истода, хомӯшона ба атрофиён назар медӯзанд. Ҳодисаву воқеаҳо, табиати инсонро тадқиқ менамоянд. Дарёфти ҳақиқат кори дӯстдоштаи онҳост. Ана ҳамин тоифаи одамонро файласуфон дӯстдори доноӣ ном мебаранд. Онҳо софосҳо, яъне донишмандҳо нестанд. Чунки донишмандӣ ба маънои томаш хоси сифати Оллоҳ аст. Бандаҳои Худо бошанд, саъю кӯшиши донишманд шудан доранд.

Таҳияи
Бахтиёри ҶУМЪА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ