Агентии USAID ба Тоҷикистон 56 280 кг озуқаворӣ фиристонд

Агентии USAID ба Тоҷикистон 56 280 кг озуқаворӣ фиристонд

  • Post category:Ҷаҳон


Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар доираи барномаи «Озуқаворӣ ба хотири сулҳ» ва дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷамъиятии “Авасто” ва созмони амрикоии Resource and Policy Exchange, Inc.  (RPX)  56 280 кг кумаки озуқаворӣ, ки зиёда аз 171 000 доллари ИМА арзиш дорад, ба Ҷумҳурияти Тоҷикистон дастрас  карданд. Дар ин бора шабакаи Азия-Плюс хабар дод.
Дар сомонаи расмии сафорати ИМА дар Ҷумҳурияти Тоҷикистон хабар дода мешавад, ин кумак ба зиёда аз 100 муассисаи тиббӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон, аз он ҷумла ба беморхонаҳое, ки бо мақсади карантини вобаста ба касалии COVID-19 истифода шуда истодаанд, беморони дар табобати амбулатории сили ба дору устувор гузаронида шудаанд,  беморҳонаҳои сил, саратон, касалиҳои руҳӣ, Ҷамъияти Миллии Ҳилоли Аҳмар, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумат ва Хадамоти Агентии захираҳои моддии ин кишвар тақсим карда мешавад. 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ