Дар Эрон беш аз 66 ҳазор шаҳрванд гирифтори коронавирус шуд

Дар Эрон беш аз 66 ҳазор шаҳрванд гирифтори коронавирус шуд
  • Post category:Ҷаҳон


Раиси маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии вазорати тандурустии Эрон Киёнуши Ҷаҳонпур зимни як нишасташ ба хабарнигорон омори охирони мубталоёни коронавирус  дар Эронро эълон кард, хабар медиҳад “Спудник” дар такя ба портали “Parstoday”.
Тибқи маълумоти Киёнуши Ҷаҳонпур, то кунун беш аз 66 ҳазор нафар дар Эрон ба таври қатъӣ ба вируси корона мубтало шудаанд.
Ҳамчунин Ҷаҳонпур афзуд, ки дар 24 соати ахир 17 нафар, фавтидааст ва теъдоди умумии ҷонбохтагон аз ин вирус дар Эрон ба 4 ҳазору 110 нафар расид.
Вируси корона, ки номи расмии он “Ковид-19” аст, охири соли гузашта (2019) дар шаҳри Вуҳони Чин  пайдо гардида буд.
Ҳамакнун тамоми кишварҳои ҷаҳон даргири муқобила бо вирус корона ҳастанд.
Бо наздик шудани теъдоди афроди мубтало ба ин вирус ба беш аз як миллиону 524 ҳазор нафар дар саросари дунё, токунӯн беш аз 88 ҳазор нафар аз ин теъдод ҷони худро аз даст доданд ва беш аз 332 ҳазор нафар низ аз ин бемори шифо ёфта, аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ