Шаш аъзои бошгоҳи овозадори “Барселона” ба истеъфо рафтанд. Хабар медиҳад varzishtv.tj.
Ба маълумоти La Vanguardia ду ноиби президент — Эмили Русо ва Энрике Томбас, директорон — Силвио Элиас, Мария Тейшидор, Жозеп Понт ва котиби раёсат — Жорди Класамиля ба истеъфо рафтанд.
Гуфта мешавад, ки шояд саҳмиядори даста низ ба истеъфо равад. Сабаби истеъфо рафтани онҳо хуруҷи коронавирус ва ба буҳрон гирифтор шудани каталониҳо мебошад.
