Коронавирус: дар ҷаҳон зиёда аз 1,6 миллион нафар гирифтори беморӣ гардиданд

Коронавирус: дар ҷаҳон зиёда аз 1,6 миллион нафар гирифтори беморӣ гардиданд

  • Post category:Саломатӣ


Теъдоди беморони сирояти коронавирус дар ҷаҳон зиёда аз 1,6 миллион нафарро ташкил медиҳад, дар ин бора Донишгоҳи амрикоии Ҷонс Хопкинс, ки омори худро дорад, хабар медиҳад.
Тибқи маълумоти охирин, дар ҷаҳон 95 699 нафар қурбонии сирояти коронавирус шудаанд. Шумораи наҷотёфтагон ба 355 ҳазор мерасад.
Дар ИМА давоми як шабонарӯзи охир, 1 904 нафар қурбони COVID-19 шуданд. Ин нисбат ба як рӯзи пеш 61 ҳолат камтар мебошад. Ҳамагӣ 16 672 нафар аз мушкилоти марбут ба коронавирус фавтиданд. Як рӯз пеш ин рақам 14 768 нафарро ташкил дода буд. Теъдоди ҳолатҳои тасдиқшудаи сирояти коронавирус ба 465 ҳазор расида, беш аз 25 ҳазор нафар шифо ёфтанд.
Рӯзи панҷшанбе, 9 апрел, аз аввалин огоҳиномаи СУТ оид ба ҳолатҳои нави сирояти коронавирус дар Чин 100 рӯз сипарӣ шуд, ёдовар шуданд дар созмон.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ