Ҳама мушкилотро бо якдилӣ ва муттаҳидӣ метавон ҳал намуд!

Имрӯз, сирояти коронавирус дар ҷаҳон ба яке аз муаммои глобалӣ табдил ёфтааст. Дар мамлакати мо барои пешгирии паҳншавии ин беморӣ корҳои муттасил анҷом дода мешаванд.
Мо шоҳиди онем, ки Президент ва ҳукумат тамоми нерӯҳои худро барои таъмини бехатарии мардум сафарбар мекунанд. Барои бар беҳуда рафтани ин барномаҳои коркардашуда, ки бевосита ба ҳар яки мо вобаста аст, роҳ надиҳем. Аз ин беморӣ муҳофизат кардани худамон ва наздиконамон вазифаи асосӣ ва масъулияти мо дар назди падару модар, фарзандон ва пеш аз ҳама Ватан аст.
Мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки дар вақти карантин аз хона нарафтан яке аз омилҳои асосии пешгирии паҳншавии вирус мебошад. Аксарияти ҳамватанони мо ба ин пурра риоя намекунанд. Аммо, боиси таассуф аст, ки бо вуҷуди масъулият вайронкунандагони қоидаҳои карантинӣ дар байни аҳолӣ бисёр ба назар мерасанд. Ҳоло ҳам нафароне ҳастанд, ки ин чораҳоро ҷиддӣ қабул намекунанд. Биёед бо бепарвоӣ ва бемасъулиятӣ ба наздикони худ зарар нарасонем.
Муттаҳидӣ ва якдилӣ метавонад ҳар як масъаларо ҳал кунад.


Дар хона монед!
Мо якҷоя қувваи бузурге шуда метавонем!

Абдулло АСЛОНОВ, депутати Палатаи Қонунгузории Олий Маҷлис

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ