Тоҷикистон сарҳадҳояшро барои хориҷиён муваққатан баст

Тоҷикистон сарҳадҳояшро барои хориҷиён муваққатан баст

  • Post category:Ҷаҳон


Дар Тоҷикистон бо мақсади пешгирии паҳншавии сирояти коронавирус вуруди хориҷиёнро ба кишвар муваққатан манъ кард.
Дар ин бора, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод.
“Бо мақсади пешгирии паҳншавии коронавирус, вуруд ва хориҷи ҳамаи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд аз тариқи ҳамаи нуқтаҳои гузаргоҳ дар сарҳади давлатии Тоҷикистон маҳдудиятҳои муваққатӣ ҷорӣ карда шуданд”, — гуфта мешавад дар хабар.
Ин маҳдудият нисбати дипломатҳои давлатҳои хориҷӣ, намояндагони байналхалқии дар ҷумҳурият аккредитатсияшуда, муассисаҳои молиявӣ, ронандагони мошинҳои боркашон, экипажҳои ҳавопаймо ва бригадаҳои байналхалқии алоқаи роҳи оҳан татбиқ намегардад.
Инчунин, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон таъкид кардааст, ки агар зарурати аз Тоқикистон хориҷ шудани хориҷиён пайдо шавад, ҳокимият тайёр аст, ки муроҷиатҳои кишварҳои хориҷиро дар бораи парвозҳои расмӣ, аз ҷумла, парвозҳои чартериро баррасӣ намояд.
Ҳоло дар Тоҷикистон ҳолатҳои бемории коронавирус қайд гирифта нашудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ