Дар 30 шаҳри Туркия ҳамчун пешгирии паҳншавии коронавирус соати комендантӣ ҷорӣ карда шуд.

Дар 30 шаҳри Туркия ҳамчун пешгирии паҳншавии коронавирус соати комендантӣ ҷорӣ карда шуд.

  • Post category:Асосӣ


Дар 30 шаҳри Туркия ва тамоми ҳудудҳои провинсияи Зонгулдак бо мақсади пешгирии паҳншавии коронавирус соати комендантӣ ҷорӣ карда шуд. Дар ин бора, агентии ахбори Anadolu хабар дод.
Мувофиқи он чорабинӣ аз нисфи шаби 11-уми апрел то соати 00:00-и 13-уми апрел давом меёбад. Дар давоми 48 соат сокинони ҳудудҳои таъиншуда, аз хонаҳояшон берун намебароянд.
Чораи мазкур дар пойтахти мамлакат Анқара ва бузунгтарин шаҳри кишвар Истамбул низ ҷорӣ мегардад.
Ҳукумати кишвар аз 3-юми апрели соли ҷорӣ дар шаҳрҳои калон вуруди нақлиётҳоро манъ карда буд. Ғайр аз ин, эълон карда шуд, ки кӯдакони то 20 сола наметавонанд хонаҳояшонро тарк кунанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ