Ӯзбекистон аз Хитой ва Германия боз 250 ҳазор дона тест харид кард

Ӯзбекистон аз Хитой ва Германия боз 250 ҳазор дона тест харид кард


Президент Шавкат Мирзиёев дар видеоконфронси навбатӣ таъкид кард, ки дар шароити пандемияи коронавирус ҳеҷ як шахс, ҳеҷ як оила набояд аз эътибор ва ғамхории давлат дур бошад.

  • Агар мо сари вақт чораҳои карантинӣ ва маҳдудкунандаро ҷорӣ намекардем, маълум буд, ки шумораи беморон ва талабот аз ин ҳам зиёд мешуд. Ҳанӯз хатар нагузаштааст. Ҳоло дар пеш санҷишҳои бузург истодааст. Бинобар ин, мо бояд бо интизоми оҳанин ва масъулияти баланд корро идома диҳем,- гуфт роҳбари давлат.
    Инчунин, таъкид гардид, ки аз Россия 500 то воситаи нафаси сунъидиҳанда, аз Хитой 200 ҳазор дона, аз Германия 50 ҳазор дона тесте, ки бемориро муайян мекунад харида шуд.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ