Оё коронавирус аз хӯрокворӣ ҳам мегузарад?

Оё коронавирус аз хӯрокворӣ ҳам мегузарад?

  • Post category:Саломатӣ

Вазорати тандурустии Итолиё тавсияномаеро барои пешгирӣ аз густариши коронавирус ё бемории КОВИД-19 нашр кард ва аз ҷумла посухи онро ҳам гуфтааст, ки чӣ касеро комилан шифоёфта аз ин беморӣ шумурдан мумкин аст.

Коронавирус чӣ гуна сироят мекунад ва «тамоси наздик бо бемор» гуфта чиро дар назар доранд?

Коронавирус чӣ гуна аз инсон ба инсон сироят мекунад?

Коронавируси нав, вируси роҳҳои нафас аст, ки асосан ба сабаби тамоси наздик бо фарди бемор сироят мекунад. Роҳҳои асосии сироят инҳоянд:

Оби даҳон, сурфа ва атсаи фарди бемор,

Тамоси мустақим бо фарди бемор

Даст задан ба даҳон, бинӣ, чашм, агар дасти шумо баъди тамос бо бемор, ё ашёи олуда ба вирус ношуста бошад.

Вирус аҳёнан метавонад, аз олудагӣ ба саргини бемор сироят кунад.

Барои ҳамин муҳим аст, ки фарди бемор меъёрҳои беҳдоштиро риоят кунад, аз ҷумла вақти сурфаву атса задан, даҳону бинии худро бо дастмол ва агар надошта бошад, бо остин пушонад.

  1. Кадом амале тамоси наздик бо фарди бемор ба ҳисоб меравад?

Маркази Аврупоии Пешгирӣ ва Назорат бар Бемориҳо тамоси наздикро чунин маънидод кардааст:

• истодан дар рӯ ба рӯи фарди сироятшуда дар масофаи камтар аз 2 метр ва то 15 дақиқа;

• ҳамроҳ будан бо фарди сироятшуда дар муҳити баста, ба мисли утоқи корӣ дар масофаи камтар аз 2 метр ва ҳадди аққал 15 дақиқа;

• зиндагӣ бо инсони гирифтор дар як хона;

• тамоси мустақим бо фарди гирифтор, масалан даст фишурдан, салом кардан;

• тамос бо ашёе, ки фарди гирифтор олуда кардааст, масалан даст задан ба дастмол, ё сачоқи ӯ.

  1. Коронавирус дар рӯи ашё чӣ қадар зинда мемонад?

Бар асоси иттилооти ҳанӯз нокомил, вирус мумкин аст, то чанд соат фаъол бимонад.

Истифодаи маҳлулҳои соддаи безарарсозӣ вирусро мекушад, ё қудрати сирояти онро аз байн мебарад. Мисли маҳлулҳое, ки дар таркибашон 75 дар сад алкоҳол (спирти этанол) ё 0.5 дар сад хлор доранд.

Дар ёд доред, ки ашёи зарурии худ ба мисли телефонро пайваста бо дастмол, ё матои намнок аз маҳлулҳои безараргардонӣ пок кунед, ба шарте ки тавлидкунандаи ашё тавсияи дигаре надода бошад.

  1. Оё вирус метавонад аз фарди сироятшуда, ки аломатҳои бемориро надорад, ба каси дигар бигзарад?

Бар асоси гуфтаҳои Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ, вирус аксаран аз афроде, ки аломатҳои бемориро доранд, ба дигарон сироят мекунад. Айни замон гуфта шудааст, ки аҳёнан афроде, ки дар марҳилаи аввали беморӣ ҳастанд, онҳое, ки аломатҳои бемориро надоранд ва ё аломатҳои сабуке доранд, метавонанд, ба дигарон сироят кунанд.

  1. Кӣ инсони комилан шифоёфта аз беморӣ ба ҳисоб меравад?

Инсонеро шифоёфта меҳисобанд, ки аз луоби бинии ӯ ду дафъа ва 24 соат баъд аз озмоиши аввалӣ маҳз барои коронавирус озмоиш мегиранд ва дар он оби бинӣ аз вирус нишоне нест.

  1. Оё коронавируси нав аз ғизо ҳам мегузарад?

Маъмулан бемориҳои роҳҳои нафас аз ғизо сироят намекунанд. Айни замон хӯрок ҳам бояд бо назардошти тамоми меъёрҳои беҳдоштӣ пухтаву хӯрда шавад. Пажӯҳишҳо барои беҳтар фаҳмидани роҳҳои сирояти вирус идома доранд.

  1. Оё поккории кӯчаҳо бо маводи безараркунанда зарур аст?

Ҳеҷ далеле вуҷуд надорад, ки нишон бидиҳад, кӯчаҳову роҳҳо дар сирояти вирус нақш доранд ва безараргардонии онҳо зарур аст. Усулан поккории кӯчаҳо бо маҳлули собунҳои оддӣ ва дигар маводи шабеҳ тавсия дода мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ