Дар саммити онлайни Туркизабонон масъалаи панденимияи коронавирус муҳокима шуд

Дар саммити онлайни Туркизабонон масъалаи панденимияи коронавирус муҳокима шуд


Президенти Ӯзбекистон Ш
Мирзиёев рӯзи 10 уми апрел дар видеоанҷумани шӯрои давлатҳои туркизабон оиди пешгирии бемории коронавирус ва пурзӯр намудани ҳамкорӣ иштирок кард.
Тадбир бо раисии Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев, инчунин Президенти Туркия Реҷеп Эрдуган, Президенти Қирғизистон Сооронбек Шеенбеков, президенти Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаев, Президенти Туркманистон Гурбангули Бердимуҳаммадов, сарвазири Венгрия Виктор Орбон ва саркотиби Шӯро Бағдот Амраев ва директори сардори ташкилоти ҳифзи тандурустии Ҷаҳон Тедрос Адхеном Гебрейсусҳо иштирок карданд.
Президентон байни ҳамдигар аз таҷриба ва амалҳои худ барои мубориза бар зидди коронавирус фикрҳои якдигарро гӯш карданд. Раиси ташкилоти ҳифзи тандурустии Ҷаҳон дар бораи тавсия ва талабҳои чораҳои карантин ва пешгирии ин маризӣ сухан ронд.
Роҳбари давлатамон дар охир алоҳида таъкид намуд:
,,Ба ҳамаамон маълум, ки ягон давлат дар ягонагӣ ин балоро бартараф карда наметавонад. Мо бо қудрату ирода дар ҳамкорӣ, ҳамҷиҳатӣ ва ғамхорӣ метавонем барҳам диҳем’ .
Манбаъ: Zarnews

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ