Коронавирус: вазъият дар ҷаҳон чӣ гуна аст?

Коронавирус: вазъият дар ҷаҳон чӣ гуна аст?

  • Post category:Саломатӣ


Шумори сироятёфтагон ба короно дар саросари олам аз марзи 1,6 миллион гузашт. То кунун беш аз 100 ҳазор бар асари сироят ба ин беморӣ аз олам гузаштанд. КОВИД-19 ҳоло 185 кишвари оламро фаро гирифтааст.
Мавзӯъи Covid-19 ҳамоно дар сархати машҳуртарин расонаҳои олам қарор дорад. Тибқи охири хабарҳо дирӯз дар Британияи Кабир 980 нафар аз ин беморӣ фавтиданд. Мақомот мегӯянд ин омори дақиқ нест, чун танҳо афроде сабт шудаанд, ки дар бемористонҳо аз олам гузаштанд. Шумори умумии фавтидагон бар асари короновирус дар Британияи Кабир ба 8958 нафар расидааст.
Ахиран тими сарвазири Бримтания Борис Ҷонсон дар нишасти хабарӣ эълон крад, ки вазъи саломатии сарвазир рӯ ба беҳбудӣ дорад ва ӯ ҳоло камубеш дар палата қадам ҳам мезанад.
Дар Испания марги одамон аз вирус дирӯз коҳиш доштааст. Бино ба иттилои расмӣ дар як шабонарӯзи гузашта 605 нафар фавтидаанд, ки аз 24 марти соли равон пасттарин омори марг аз короно дар ин кишвар аст. Ҳамчунин сирояти ҳамарӯзӣ то 3% коҳиш ёфтааст. Зарфи як шабонарӯзи гузашта аз сирояти боз 4576 нафар хабар дода шуд ва теъдоди умумии мубталоён ба короно дар Испания ба 157 ҳазор нафар арсидааст. 
Дар Италия низ дуюмин рӯз аст, ки шумори фавтидагон аз КОВИД-19 коҳиш меёбад. Ахиран воситаҳои ахбори Италия аз ҳадди рекордии шифоёфтагон дар як шабонарӯз хабар доданд. То ба имрӯз дар Италия бар асари сирояти короновирус 18849 нафар ҳалок шуданд ва шумори мубталоён ба 147 ҳазор нафар расидааст.   
Фаронса рӯзи ҷумъа аз марги 987 нафар хабар дод, ки аксари онҳо дар беморхонаҳо ва хонаҳои пиронсолон фавтидаанд. Шумори умумии фавтидагон аз короновирус дар Фаронса бегоҳии рӯзи ҷумъа 13197 нафар эълон гардид.
Шабонарӯзи гузашта дар Русия 1786 нафари дигар ба короно сироят шуданд, 18 нафар фавтиданд. Теъдоди фавтидагон ба 94 нафар расид.
 Белорусия аз фавти 19 нафар ва сирояти 1981 нафар хабар дод. 169 нафар шифо ёфтаанд. Зарфи 11 рӯзи охир сироятшудагон ба короновирус 10 баробар афзудааст.
Вазорати беҳдошти Эрон эълом кард, ки то кунун 35 ҳазору 465 нафар аз касоне, ки дар кишвар коронавирус мубтало шудаанд, беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо ҷавоб шудаанд. Киёнӯши Ҷаҳонпур, раиси маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати тандурустии Эрон дар гуфтугӯ бо хабарнигорон эълон кард, ки дар 24 соати гузашта боз 1 ҳазору 972 нафари дигар ба коронавирус мубтало шудаанд.
Киёнуши Ҷаҳонпур илова кард, ки дар маҷмӯъ шумори беморони мубтало ба Ковид -19 дар Эрон ба 68 ҳазору 192 нафар расидааст. Шабонарӯзи гузашта дар Эрон бар асари ин беморӣ 122 нафар ҳалок шуданд ва теъдоди умумии фавтидагон ба 4 ҳазору 232 нафар расид.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ