Аз хазинаи таърих «ЯРОҚИ ЛАЗЕРӢ»-и АРХИМЕД БАРОИ ЧӢ ХИЗМАТ МЕКАРД?

Аз хазинаи таърих «ЯРОҚИ ЛАЗЕРӢ»-и АРХИМЕД БАРОИ ЧӢ ХИЗМАТ МЕКАРД?

  • Post category:Ҷаҳон


Архимед, олим ва ихтироъкори барҷастаи давраи қадим то имрӯз ҳам бо ақлу фаросат ва заковату дурандешиаш аҳли дунёро ба шигифт меорад. Ин олими юнонӣ, ки ба вай нидои машҳури «Эврика» мутааллиқ аст, бисёр асосҳои қонунҳои физикиро кашф намудааст, барои мушоҳидаҳои астрономӣ глобуси осмонро сохтааст, бори нахуст диаметри Офтоб ва атрофи Заминро чен кардааст ва бисёр асбобҳо ихтироъ намудааст, ки ба ҳама шинос мебошад.
Хизмати шоёни ӯ дар корҳои ҳарбӣ низ маълум аст. Масалан, истифодаи самараноки мошинҳои ҳарбии сохтаи вай ҳангоми муҳориба бо флоти баҳрии артиши Рим дар вақти муҳосираи Сиракуз, ватани Архимед. Ё худ бо истифодаи оина сӯзондани киштиҳои римиҳо.
Истед! Дарвоқеъ оё ин амалиёт воқеият доранд? Агар чунин аст, чӣ тавр амалӣ шуда бошанд?
Дар соли 213 то милод ҷанги байни Риму Карфаген мерафт, шаҳри Сиракузи ҷазираи Ситсилия, ҷонибдори Ганнибал, яъне Карфаген буд. Рим таҳти фармондеҳии сипаҳсолори моҳир ва айни замон хеле бераҳм Марк Клавдий Марсел тавассути баҳр ба Сиракуз ҳуҷум кард. Вай дар хотир дошт, ки ҳанӯз юнониҳо ҳангоми юриш бар зидди Сиракуз дар назди деворҳои мустаҳками ин шаҳри дастнорас шикаст хӯрда буданд. Аз ин рӯ, ӯ мақсад гузошт, ки аз баҳр толеашро бисанҷад.
Барои муҳосираи Сиракуз римиҳо 25 ҳазор аскар ва 150 киштиро сафарбар намуданд. Аз ин нақшаи ғоратгаронаи душман сиракузиҳо бохабар буданд. Сипаҳсолор Гиппократ бо ёриву маслиҳати олими шинохта, ватандӯсти воқеӣ Архимед, ки римиҳои ғоратгарро чашми дидан надошт, ба мудофиаи шаҳр камар баст.
Плутарх тасдиқ менамояд, ки Архимед бо ёрии мошинҳои худ сангҳои калонро дақиқ ба нишон мерасонд ва аз зарбаҳои сангҳо киштиҳои чӯбӣ пора – пора мешуданд.
Ҳамчунин таърих ёдовар шудааст, ки Архимед бо истифодаи оинаҳо киштиҳоро сӯзондааст. Аммо дар ин хусус муаррихон Полибий, Ливий ва ҳам Плутарх чизе нагуфтаанд. Танҳо нависандаи асри дуи милодӣ Лукиан маълумоти аҷоибе меорад, ки онро олимон, файласуфон ва ҳам рассомони давраи Эҳё зуд пайгирӣ намуданд. Ба гуфти Лукиан Архимед аз оинаҳои хурди чоркунҷа дастгоҳи оинадори шашкунҷае сохта, ба часпак (ошиқмаъшуқ) пайваст намуда, ба воситаи ҳаракатовари занҷирӣ ба ҳаракат меовардааст. Ба шарофати ҳамин дастгоҳ кунҷҳои гардиши оинаҳо ба тавре ҷойгир мешуданд, ки нурҳои офтоб ба як нуқта равона мегаштанд ва ҳарорати басо баланд таъмин мегардид ва ҳар гуна ҷинсҳои чӯбию латтагин дар масофаи 150 метр ба осонӣ аланга мегирифтанд. Архимед бо ҳамин дастгоҳаш бисёр киштиҳои римиҳоро сӯзондааст. Аз ҳамон вақт ибораи «оинаҳои сӯзанда» гӯиё пайдо гаштааст ва аланга гирифтани киштиҳоро ҷазодиҳии дасти рости Зевс ҳам меноманд.
Чорсад сол пас Анфимий, олими Византия, дар хусуси «муъҷизамеханизм» — ҳои Архимед сухан ронда, аз ҷиҳати илмӣ воқеан ҷой доштани онҳоро тасдиқ намудааст.
Дар солҳои 70 – уми асри XX муҳандиси юнонӣ Иоаннис Сакас таҷриба гузаронда собит сохт, ки «оинаҳои оташангез» — и Архимед воқеианд. Вай ҳам бо истифодаи оинаҳо асбобе сохт ва аз масофаи 50 метр нурҳои офтобро ба заврақе равона намуд, аввал аз он дуд баромад, баъд якбора аланга зад.
Дар ривоятҳо омадааст, ки минбаъд римиҳо аз тарафи баҳр ба Сиракуз танҳо шабона ҳуҷум мекардаанд. Соли 212 то милод Рим Сиракузро ғасб кард ва Архимед, олими забардаст, аз дасти навкаре ба ҳалокат расид.
Қурбон МАДАЛИЕВ,
тарҷума аз русӣ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ