Феруза — ғолиби олимпиадаи байналхалқии онлайн

Имрӯз, хонандагони мо дар хона истода, ба дарсҳои телевизион иштирок мекунанд ва вақташонро пурмазмун мегузаронанд. Бисёрии онҳо ҳам дар озмунҳои мухталифи онлайн фаъолона иштирок мекунанд ва дониши худро месанҷанд.

Аз ҷумла, Феруза Абдусатторова, хонандаи синфи 9-и мактаби миёнаи таълими умумии рақами 6-и ноҳияи Пайарик, дар Олимпиадаи 4-уми байналхалқии онлайн «Донандагони забони англисӣ» бомуваффақият иштирок кард.
Ба ӯ аз ҷониби яке аз ташкилкунандагони Олимпиадаи байналхалқии онлайн, Донишгоҳи Кембрижи Британияи Кабир ба тарзи онлайн сертификати Skyteach ва Cambridge Assessmet English International Certified International Internet тақдим гардид.

Хизмати матбуоти Садорати таълими халқи вилояти Самарқанд

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ