Қаҳрамонони замон месозад

Қаҳрамонони замон месозад


Ин ҷумларо қаблан дар куҷое хонда будам. Аммо он вақт, ман дар бораи мазмунаш ҷиддӣ фикр накарда будаам. Вазъият дар ҷаҳон моро водор мекунад, ки дар бораи худамон, худшиносиямон, табиат, ҷомеа ва одамон мушоҳида кунем. Воқеан, мо давраи хеле вазнин ва таърихиеро, ки дар ин бора пешакӣ чизе гуфтан душвор аст, аз сар мегузаронем. Чунин ба назар мерасад, ки насли одамизод, ки тақрибан миллион сол дар олам ҳукмронӣ мекунад, гӯё дар хатар аст. Дар чунин замони пурхатар, дар бораи дар атрофи мо зиндагонӣ кардани қаҳрамонон дилгармкунанда мебошад.
…Ман эшонро намешиносам. Аммо муболиға нест, ки бигӯям, ки ҳар рӯз набошад ҳам рӯз дар миён рӯ ба рӯ мешавам.
Эҳтимол ӯ ин касбро хеле пеш аз таваллуд шуданам оғоз кардааст. Ин сухан дар бораи як зане меравад, ки субҳи барвақт аз хоб хеста, кӯчаҳои ноҳияи моро тоза мекунад.Вай фикр мекунад, ки Ҷамбой ба ӯ тааллуқ дорад. Аз рӯйи виҷдон фикр кунам, дар ҳақиқат чунин аст. Нисбат ба ман ва ҳазорон ҷавонони монанди ман, фоидаи вай ба ноҳия бештар мерасад.
Бача будам. Агар хато накунам, вақте ман дар синфи 4-5 мехондам, аввалин сиёҳнависҳои худро ба идораи «Жомбой тонги» мебурдам. Навиштаҳои ман магар хом буданд, муҳаррир онро бо исрор таҳрир кард. Намедонам аз чӣ бошад, аз ин бениҳоят мутаассир гардидам. Кӯча баромада аҳд кардам, ки дубора шеър наменависам. Дафтари худро ғиҷим карда, ба паҳлӯи роҳ партофтам … Бо зани фаррош бори аввал ҳамон замон шинос шудам.
Вай як ба ман нигарист ва кори худро идома дод. Баъд фаҳмидам, ки эҷод тақдири ман аст. Аҷиб он аст, ки шояд он зан ҳам аз ин сабаб касби худро тарк карда наметавонад. Дар ҳақиқат, ӯ одами фидокор буд. Ба ин солҳои зиёд шуд. Зани фаррош ҷавонтар ва нерӯмандтар буд.
Аз сабаби карантин мо ба таътил баромадем. Дирӯз барои дӯкон рафтан зарурат пайдо шуд. Ман боз бо он зан вохӯрдам. Солхӯрда шудааст…
Дар замоне, ки одамон аз наздиконашон барои ҷилавгирӣ аз ин беморӣ худро канор мекашанд, вай то ҳол барои тозагии ноҳияи мо партовҳоро тоза мекунад.Ман дар дилам ҳис кардам, ки ӯ барои ман ҷобоӣ гуфтан аз ман бештар ҳақ дорад.
Имрӯз кормандони соҳаи тибрр қаҳрамонони давр аст мегӯем. Муболиғае нест. Садҳо шиҷокорон ва ҳамшираҳои шафқат барои табобат кардани ҳамватанони мубталои беморӣ ҷони худро дар хатар мегузоранд, ки рост аст. Ҳамзамон, ба рӯйхати қаҳрамонон кормандони сохтори ободкуниро ҳам ҳамроҳ намоем меарзад. Дирӯз модарам як гап гуфт, ки ҳамсояи мо барои ниёзмандон ниқоби бепули тиббиро медӯхтааст.
Дар назари аввал, ин ҳолати оддӣ ба назар мерасад .. Хушбахтона, имрӯз бисёр одамони саховатманд ҳастанд, ки ба кори хайр камар бастаанд.
Аммо … ин ҳамсояи мо худ ногирон аст ..
Модарам гуфтанл, ки ба ҳокимияти ноҳия муроҷиат кардааст. Гуфтааст, ки агар ашёи хом расонида шавад, бепул ниқоб дӯхта медиҳад. Бо кадом сабабе, ин вазъ ба ман таъсири хосе кард: Магар барои ҳамаи мо намунае нест, ки зани имконияташ маҳдуд дар замоне, ки касе аз ин вазъият истифода бурда, ба чунин нархҳоро баланд карда, ба нобакорӣ даст мезанад, фидокорӣ нишон медиҳад? Далели он, ки давра қаҳрамонони худро офаридааст! Ман бисёр фикр кардам. Хӯш, ман чӣ!? Ҳоло ҷавонем. Ягона коре, ки мо дар ин вақт карда метавонем, ин дар хона мондан ва дуо гуфтан аст. Итоат ба қоидаҳои муқарраркардаи ҳукумат бузургтарин қаҳрамонист.

Аммо ман қаноат накардам. Намехостам бекор шинам. Хостам, ҳадди аққал ман дар бораи ҳамватанони худ, ки дар ҳақиқат фидокоранд, чизе нависам ва ба онҳо бо ин роҳ миннатдории худро баён кунам. Бигузор, ин саҳми ман дар муттаҳиди халқамон дар даври санҷиш бошад.
Нилуфар ОМОНОВА, донишҷӯи курси якуми Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ