Дар шаҳри калонтарини Қазоқистон ду шифокор ва 10 ҳамшираи шафқат ба коронавирус гирифтор шуданд


Дар бузургтарин шаҳри Қазоқистон — Алма-Ато ду табиб ва 10 ҳамшира ба маризии коронавирус мубтало гардиданд, хабар медиҳад Вазорати тандурустии ин кишвар.
Ба иттилои манбаъ, дар умум дар қаламрави Қазоқистон 859 мавориди гирифторшавӣ ба коронавирус сабт гардидааст. Ҳамчунин бар асари ин маризӣ 10 бемор ба ҳалокат расидааст.
Дар ҳамин робита рӯзи ҷумъа, раисҷумҳури Қазоқистон Қосим Жомарт Тоқаев то авохири моҳи ҷорӣ вазъи фавқулода эълон кард.
Зимнан, дар бастагӣ ба мариз шудани кормандони тиб, сардори раёсати тандурустии ҷамъиятии шаҳр Тлеухан Абилдаев аз тамоми сокинон даъват намуд, ки ба воҳима наафтанд.
Ба изҳори ӯ табибон новобаста аз карантин вазифаи худро иҷро намуданд ва онҳо аз аввалинҳоянд, ки дар зери хатар қарор доранд.
Дар Алма-Ато 14 ҳолати нави сироятшавӣ ба бемории коронавирус сабт гардид. Дар маҷмӯъ дар ин шаҳр 137 нафар ба коронавирус мубтало гардидаанд.
Қобили зикр аст, ки раванди мубталошавӣ ба маризии сироятии коронавирус дар ҷаҳон ҳамарӯза рӯ ба афзоиш аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ