Вазъи саломатии Путин чӣ хел аст? Котиби матбуоти Президент ба ин савол ҷавоб дод

Вазъи саломатии Путин чӣ хел аст? Котиби матбуоти Президент ба ин савол ҷавоб дод

  • Post category:Ҷаҳон


Ба изҳори котиби матбуоти раисҷумҳури Русия, вазъи саломатии Владимир Путин олӣ аст. Песков дар ин бора зимни мусоҳиба бо Шабакаи аввали Русия хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, серкории кишвардори Русия аз олӣ будани вазъи саломатии ӯ дарак медиҳад.
«Шумо худ шоҳиди реҷаи кории ӯ ҳастед», — афзудааст Песков.
Зимнан, сухангӯй илова намуд, ки дар робита ба хуруҷи маризии коронавирус, кори Путин даҳчанд зиёд шудааст ва ӯ вақти холигиро надорад.
Ҳамчунин барои таъмини амнияти раисҷумҳур, машварат ва ҷаласаҳо онлайнӣ тариқи видео баргузор мешаванд. 
Песков мегӯяд, кори раисҷумҳур аз ҳарвақта дида бештар шудааст.
Қаблан, дар сӯҳбат бо раҳбарони минтақа Владимир Путин гуфта буд, ки «Русия ба сирояти коронавирус мубориза мебарад ва пирӯз мешавад».

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ