Дар Каттақурғон бинои истиқоматӣ таркид дар натиҷа ду нафар вафот кард

Дар Каттақурғон бинои истиқоматӣ таркид дар натиҷа ду нафар вафот кард

Имрӯз, 12-уми апрел, дар як бинои истиқоматии ноҳияи Каттақурғони вилояти Самарқанд таркиш ба амал омад. Тибқи гузоришҳои нахустин, таркиш соати 6:30 рух додааст. Дар ин бора QALAMPIR.UZ ба нақл аз вакили хизмати матбуоти Вазорати вазъияти фавқулодда хабар дод.
Мутаассифона, дар ин таркиш 2 нафар қурбон ва чанд нафари дигар захмӣ шудаанд. Кормандони Вазорати корҳои дохилӣ дар айни замон барои муайян кардани шумори қурбониён кор мекунанд.
Ба гуфтаи сухангӯи ВВФ, «Ҷабрдидагон дар беморхона ҳастанд. Вазорати корҳои дохилӣ ҳоло ҳуввияти қурбониёнро муайян мекунад.
Маълумоти бештар дар бораи ин ҳодиса ба зудӣ дастрас хоҳад шуд.

Суннатулло Абдулло

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ