Рамазон Қодиров: барои сироят накардани коронавирус бештар сирпиёз хӯред

Рамазон Қодиров: барои сироят накардани коронавирус бештар сирпиёз хӯред

  • Post category:Саломатӣ


Рамазон Қодиров зимни як ҷамъомад бо фаъолони минтақа аз тарсу ваҳми мардум дар мавриди маризии коронавирус сӯҳбат кард.
«Ҳамагон аз он метарсанд, ки ба маризии коронавирус мубтало мешаванд. Одами солим бар ин маризӣ пирӯз мешавад», — афзудааст ӯ.
Қодиров тавсия додааст, ки бештар сирпиёзро истеъмол кунанд, ва ба коронавирус мубтало намешаванд.
Ҳамчунин раисҷумҳури Чеченистон маслиҳат додааст, ки асалро бо оби гарм омехта ҳар рӯз нӯшанд, то масуният қавӣ шуда, ҳеҷ беморӣ одамро аз пой намеафтонад.
Бояд гуфт, ки дар Чеченистон то имрӯз фавти се нафар аз маризии коронавирус сабт гардидааст, ки ҳар се қурбонӣ куҳансол буданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ