Барои аз замини наздиҳавлигӣ оқилона фоида набурдан ҷавобгарӣ пурқувват мегардад.

Барои аз замини наздиҳавлигӣ оқилона фоида набурдан ҷавобгарӣ пурқувват мегардад.

Дар Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис аз ҷониби як қатор депутатҳо лоиҳаи қонун оиди пурқувват сохтани ҷавобгарӣ барои аз замини наздиҳавлигӣ босамар фоида набурдани соҳибони замин кор карда мешавад. Дар ин бора хизмати ахбори Палатаи поён маълумот дод. Қайд гардидааст, ки шароити имрӯзаи глобалӣ, яъне пандемияи коронавирус корҳои ривоҷи тамоми сохтори хоҷагии қишлоқро боз як маротиба ба таври ҷиддӣ дида бвромаданро тақозо менамояд. Воқеоти имрӯза аз ҳар ҷиҳат муҳим будани бехавфии хӯроквориро нишон медиҳад. Вазифаи имрӯза аз замин босамар истифода бурдану ҳосили хуб расондан иборат мебошад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ