Москва: аз 15-уми апрел танҳо бо иҷозатномаи махсус ба кӯча баромадан мумкин

Москва: аз 15-уми апрел танҳо бо иҷозатномаи махсус ба кӯча баромадан мумкин
  • Post category:Ҷаҳон


Аз 15-уми апрел сокинони Москва барои ба кӯча баромадан, бояд иҷозатномаи махсуси рақамӣ фармоиш диҳанд.
 Дар робита ба паҳншави коронавирус дар Маскав маҳдудуиятҳои нав ҷорӣ гардид. 
Бино бар қарори раиси пойтахт Сергей Собянин, дар шаҳр низоми нави вижа ҷорӣ мешавад: мувофиқи он, ба пойтахт танҳо ба воситаи иҷозатнома роҳ медиҳанд.
Мувофиқи фармони раиси шаҳр, аз 15-уми апрел сокинони Москва барои ба кӯча баромадан, бояд иҷозатномаи махсуси рақамӣ фармоиш диҳанд.  Дар ҳуҷҷати мазкур рамзи чоррақама қайд карда мешавад.
Дар он мӯҳлат, маълумот дар бораи соҳиби иҷозатнома ва мақсади сафари ӯ низ ҷой дода хоҳад шуд.
Мақомоти Москва мехоҳанд се намуди чунин иҷозатномаҳоро ба истифода диҳанд: барои кор, барои ба қабули пизишк рафтан ва барои дигар эҳтиёҷот, ба монанди ба  мағоза ё дорухона баромадан.
Намуди аввал, иҷозатнома барои берун баромадан барои корро танҳо як маротиба метавон фармоиш дод. Мӯҳлати истифодааш то 30-юми апрел аст. Иҷозатномаи тиббиро бошад, ҳар дафъа бояд фармоиш дод. 
Ба феҳристи намуди севуми иҷозатнома, ба мағоза рафтан, ба минтақаи дигар сафар кардан ва ба манзили  хешу наздикон рафтан, дохил мешавад. Он ҳам ҳамагӣ як рӯз истифода мешавад, аммо ин иҷозатномаро метавон танҳо дар ду ҳафта як маротиба ба даст овард.
Чунин иҷозатномаҳо ҳангоми ҳаракат дар дучархаву нақлиёти ҷамъиятӣ заруранд, аммо барои пиёда аз ҷо ба ҷое рафтан, лозим нестанд.
Кормандони давлатӣ, низомиён, рӯзноманигорон, муҳофизон, кормадони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз ин тартиботи нав озоданд.
Гуфта мешавад, барои ҳаракат дар дохили Москва бе иҷозатномаи мазкур то 30 ҳазор рубл ҷарима баста мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ