Президенти Тоҷикистон барои зиёд кардани кишти картошка то 60 фоиз супориш дод

Президенти Тоҷикистон барои зиёд кардани кишти картошка то 60 фоиз супориш дод
  • Post category:Ҷаҳон


Президенти Ҷумҳурияти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раисони шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистонро вазифадор кард, ки барои таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти маҳаллӣ чораҷӯиҳои қатъӣ анҷом диҳанд.
Дар Тоҷикистон кишти картошкаро то 60 дар сад афзоиш медиҳанд, гузориш медиҳад ТоҷикТА.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон баъди шунидани гузоришҳои раисони бархе аз шаҳру ноҳияҳо аз тариқи телефон онҳоро вазифадор кардааст, ки замини кишти картошкаро 40 дарсад, майдони кишти такрориро 60 дарсад афзойиш диҳанд.
Гуфта мешавад, азуд бар ин, раисони шаҳру ноҳияҳо муваззаф шуданд, ки бо иҷрои умури кишоварзӣ ҳамзамон барои беҳсозии бемориҳои сироятӣ иқдомҳои заруриро амалӣ кунанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ