Дар Русия ҳолати рекордии гирифторӣ ба коронавирус қайд гардид: дар як шабонарӯз 2186 ҳолати сироятёбӣ


Дар Русия дар як шабонарӯзи гузашта 2186 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шуд. 
Онҳо дар 52 вилояти кишвар сабт шуданд.
Ҳамин тавр, шумораи умумии гирифторони вируси карона марзи 15 770 нафарро убур кард. Аз 85 вилояти Русия дар 82-тоаш мубталоёни коронавирус ҳастанд.
Бештари ҳолатҳои нав ба Маскав рост меоянд. Дар пойтахт шаби гузашта 1306 ҳолати нави сироятёбӣ тасдиқ шуд.
Дар вилояти назди Маскав 278 ҳолат, дар Санкт-Петербург 69 ҳолати нав сабт гардид.
Дар як шабонарӯз дар Русия 24 кас аз коронавирус ба ҳалокат расиданд, шумораи умумии қурбониён ба 130 тан расид.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ