Ҳикояти пандомез

Ҳикояти пандомез


Каждуме заҳри манзаррат дар неш ва тири ҳабосат дар кеш азимати сафар кард. Ба лаби оби паҳновар расид, хушк фурӯ монд: на пойи гузаштан ва на рои бозгаштан. Сангпуште он маъниро аз вай мушоҳида кард, бар тараҳҳум намуд ва бар пушти худаш савор карду худро дар об андохт ва шинокунон рӯй ба ҷониби дигар ниҳод. Дар он асно овозе ба гӯшаш расид, ки каждум чизе ба пушти вай мезад. Суол кард:

  • ин чӣ овоз аст?
    Ҷавоб дод:
  • ин овози неши ман аст, ки бар пушти ту мезанам. Ҳарчанд медонам, ки бар он ҷо коргар намеояд, аммо хосияти худро наметавонам гузошт, чунончӣ гуфтаанд:

Неши каждум на аз паи кин аст,
Муқтазои табиаташ ин аст.

Сангпушт бо худ гуфт: ҳеҷ беҳ аз он нест, ки ин бадсириштро аз ин хӯи зишт бираҳонаму некусириштонро аз осеби вай эмин гардонам. Ба об фурӯ рафт. Вайро мавҷ бирабуд ва ба ҷое буд, ки гӯё ҳаргиз набуд.
Аз ,,Баҳористон» — и А. Ҷомӣ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ