ИМА: адади аз коронавирус вафоткардагон ба 22 115 нафар расид

ИМА: адади аз коронавирус вафоткардагон ба 22 115 нафар расид
  • Post category:Ҷаҳон


Дар ҷаҳон шумораи гирифторон ба намуди нави коронавируси COVID-19 ба 1 миллиону 853 ҳазору 155 нафар расида, теъдоди шифоёфтагон 423 ҳазору 625 кас ва фавтидагон 114 ҳазор 247 тан мебошад. Дар ин бора Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ хабар медиҳад.
Дар Иёлоти Муттаҳида, ки аз рӯи шумораи гирифторони ин вирус дар ҷои аввал қарор дорад, 560 ҳазору 433 ҳолат тасдиқ шудааст. Теъдоди фавтидагон 22 ҳазору 115 нафарро ташкил медиҳад. Дар Испания шумораи ҳолатҳои тасдиқшуда 166 ҳазору 831 нафар буда, давоми шабонарӯзи гузашта беш аз 3,8 ҳазорро ташкил медиҳад. Дар он 17 ҳазору 209 нафар беморони ба ин вирус гирифтор фавтидаанд.
Дар Италия шумораи мубталоён 156 ҳазору 363 нафар ва теъдоди фавтидагон 19 ҳазору 899 нафар мебошад. Дар Франсия 132 ҳазору 591 ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус тасдиқ гардида, 14 393 ҳолати фавт ба қайд гирифта шудааст. Дар Германия теъдоди мубталоён 127 ҳазору 854 нафарро ташкил дода, шумораи ҳолатҳои фавт 3 022 мебошад. Шумораи ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус дар Британияи Кабир 84 ҳазору 279 нафар ва теъдоди ҳолтаҳои фавт 10 ҳазору 612 нафар мебошад.
Дар Чин 82 ҳазору 160 ҳолати сироятёбӣ ба қайд гирифта шуда, давоми рӯз ҳамагӣ 108 ҳолати нав ошкор гардид. Ҳамчунин дар он 3341 нафар вафот кардаанд.
Шумораи умумии ҳолатҳои тасдиқшудаи сироятёбӣ дар Эрон 71 ҳазору 686 нафарро ташкил дода, аз онҳо 4 ҳазору 474 нафар вафот кардаанд. Теъдоди ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус дар Туркия 56 ҳазору 956 нафар ва дар Белгия – 29 647 нафар мебошад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ