Ҳабиб ва Конор дар бораи пандемияи коронавирус чӣ гуна назар доранд?


Размикори доғистонӣ дар саҳифаи инстаграммаи хуб навиштааст: “Ҳарчанд то моҳи сентябр чандон наздик нест, аммо бовар кардан душвор аст, ки ҳама чиз то моҳи сентябр ба охир мерасад”.
Ӯ ҳамчунин аз як нафар иқтибос оварда гуфтааст, дар замони осоиштагӣ бояд ба ҷанг омодагӣ дид ва аз ҳаводоронаш суол кардааст, ки рӯзҳояшон чигуна сипарӣ мешавад.

Қаблан дар пайи лағв шудани дидори Ҳабиб бо Фергсон ва бозгаштан ба Русия сарусадоҳо зиёд шуданд. Ӯ дар ҷавоб гуфт, дар ҳоле ки тамоми ҷаҳон барои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус кӯшиш мекунад, ӯ наметавонад истисно бошад.

«Ҳабиб бошад, аз тамоми ӯҳдадориҳо озод аст, ки намоишкорона тамрин кунаду аз кишваре ба кишвари дигар парвоз анҷом диҳад? Барои муҳориба ҷонамро дар хатар монам?», — навишт  вай дар саҳифааш дар Инстаграм.
Ҳабиб меафзояд, ки аз чунин ранг гирифтани қазия нигарон аст. Нақшаҳои ӯ низ дар пайи пандемия барбод рафтанд.
Қаҳрамони собиқи UFC дар ду бахш Конор Макгрегор бошад аз вазъи бемории пандемияи коронавирус дар Ирландия норозӣ аст.
Ба гуфти Конор агар вазъ чунин идома ёбад, то инқилоб дар кишвараш се ҳафта  замон аст.
Ба гуфтаи Макгрегор, ҳукумати Ирландия бояд марзҳоро комилан бандад ва барои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус сахт муқовимат кунад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ