COVID-2019: миёни давлатҳои арабӣ шумораи камтари мубталоён дар Сурия ва Лубнон мушоҳида мешавад


Теъдоди мубталоён дар Арабистони Саудӣ 4 462 нафар буда, дар он 59 ҳолати фавт ба қайд гирифта шудааст. Дар Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) 4 123 ҳолати сиротяёбӣ ошкор гардида, миёни онҳо 22 нафар фавтидаанд. Дар Қатар 2 979 нафар мубталои коронавирус шуда, дар он шумораи фавт нисбат ба АМА камтар аст — 7 ҳолат.
Дар муқоиса бо дигар давлатҳои арабӣ сатҳи фавт дар Миср баландтар аст — 159 нафар. Аммо шумораи сироятёфтагон кам буда, 2 065 нафарро ташкил медиҳад. Теъдоди мубталоён дар Ироқ 1352 нафар ва шумораи фавтидагон 76 нафар мебошад.
Дар Баҳрайн низ фавти кам, яъне 6 ҳолат мушоҳида шуда, шумораи умумии ҳолатҳои тасдиқшудаи сироят 1136 нафарро ташкил медиҳад. Дар Кувайт 1 ҳолати фавт ба қайд гирифта шуда, 1234 нафар сироят ёфтаанд.
Аввалин ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус дар Яман ба қайд гирифта шуд. Бемор аз АМА омадааст.
Аз миёни давлатҳои арабӣ шумораи камтари мубталоён дар Сурия (25 ҳолати сироятёбӣ ва 2 ҳолати фавт) ва Лубнон (25 ҳолати сиротяёбӣ ва 1 ҳолати фавт) низ мушоҳида мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ