Дар Туркманистон дар як ҷой ҷамъ омадани одамон манъ карда шуд

Дар Туркманистон дар як ҷой ҷамъ омадани одамон манъ карда шуд

  • Post category:Ҷаҳон


Туркманистон дар як ҷой ҷамъ омадани беш аз 200 нафарро дар як ҷой манъ кард, хабар медиҳад «Парс тудэй».
Гуфта мешавад, ин иқдом барои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус роҳандозӣ мешавад.
«Туркманистон дар як ҷой ҷамъ омадани беш аз 200 нафар, меҳмониҳое барои арусӣ ва азодориҳо ва ҷаласаҳои мухталифро барои пешгирӣ аз паҳншавии бемории корона мамнуъ эълом кард», — омадааст дар иттилои манбаъ.
Аз ҳафтаи гузашта то кунун беш аз 200 нафар наметавонанд барои ҷашнҳои хонаводагӣ монанди арӯсӣ , солгард ва ҷашнҳои таваллуд даъват шаванд ва бештар аз 6 нафар низ наметавонанд дар меҳмониҳо даври дастархон биншинанд.
Чунин маҳдудитҳое барои аввалин бор аст, ки дар ин кишвар иҷро шудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ