Вазъият дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил чӣ гуна аст?

Миёни кишварҳои ИДМ шумораи зиёди шахсони аз коронавирус сироятёфта дар Россия ба қайд гирифта шуда, 15 770 ҳолатро ташкил медиҳад. Дар он шумораи беморони шифоёфта 1291 нафар ва фавтида 130 нафар мебошад. Баъд аз Россия шумораи зиёди ҳолатҳои сироятёбӣ дар Украина — 2777 нафар, Беларус — 2578, Молдова — 1662, Озарбойҷон — 1098, Арманистон — 1013, Қазоқистон — 951, Ӯзбекистон — 896 ва Қирғизистон — 416 нафар ба қайд гирифта шудааст.
Дар Афғонистон шумораи мубталоён ба коронавирус 607 нафарро ташкил дода, 32 нафари онҳо шифо ёфтаанд ва 18 тани дигар вафот кардаанд
То имрӯз дар байни давлатҳои аъзои ИДМ танҳо дар Тоҷикистон ва Туркманистон ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ