Шавкат Мирзиёев ва Мун Чже Ин гуфтугӯ карданд. Боз як мутахассиси ботаҷрибаи кореягӣ ба Ӯзбекистон меояд

13-уми апрели соли равон Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Президенти Ҷумҳурияти Корея Мун Ҷже Ин гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод.
Мувофиқи хабари хизмати матбуоти Президент, сарварони ду кишвар масъалаи таҳкими минбаъдаи шарикии стратегии дуҷониба ва густариши ҳамкориҳои гуногунҷабҳа, хусусан дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодиро дар рӯҳияи анъанавии дӯстона ва самимӣ баррасӣ намуда, оид ба баъзе масъалаҳои минтақавӣ ва байналхалқӣ мубодилаи афкор намуданд. .
Таваҷҷуҳи хос ба идома додани ҳамкорӣ ва муттаҳид сохтани кӯшишҳо дар мубориза бар зидди паҳншавии сирояти коронавирус зоҳир карда шуд.

Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон ба Мун Ҷже Ин барои кӯмаки амалии ӯ дар мубориза бар зидди пандемия сипосгузорӣ намуд.
Аз ҷумла, аз охири моҳи март профессори эпидемиологи кореягӣ дар мамлакати мо фаъолона кор карда, донишу малакаи худро мубодила мекунад. Инчунин, моҳи равон ба мамлакатамон омадани боз як мутахассиси дигари ботаҷриба, анестезиолог-реаниматсионист пешбинӣ шудааст. Барои эвакуатсияи шаҳрвандони мо ва расонидани лавозимоти тиббии зарурӣ парвозҳои чартерӣ ташкил карда шудаанд.
Президентҳо азми худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои амалии ду кишвар ва ҷорӣ кардани таҷрибаи пешқадами тиббии Корея дар Ӯзбекистон, аз ҷумла ташкили карантин, ташхис ва табобати бемориҳо, барқарорсозӣ, тарбияи кадрҳои тиббиро қайд карданд.
Лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ бо иштироки ширкатҳои пешбари Кореяи Ҷанубӣ ва татбиқи барномаҳои муҳими иҷтимоӣ бо иштироки Эксимбонки Кореяи Ҷанубӣ ва Фонди EDCF таҳлил карда шуданд.
Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки ҳаҷми савдо ва шумораи корхонаҳои муштарак хеле афзоиш ёфтааст, ки ин нишонаи ҳавасмандии мутақобилаи доираҳои соҳибкорӣ мебошад.
Дар поёни гуфтугӯи телефонӣ Президент Мун Ҷже Ин бори дигар изҳор кард, ки Ҷумҳурияти Корея омода аст, ки ба Ӯзбекистон дар рафъи мушкилот ва таҳдидҳои имрӯза ҳарчи зудтар ҳама гуна кӯмак ва дастгирии заруриро расонад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ