Ҷаҳл барояд ақл меравад…

Ҷаҳл барояд ақл меравад…


ё худ марде ба зани худ корд зад
Сокини маҳаллаи Намозгоҳи шаҳри Шаҳрисабз У.З., ки соли таваллудаш 1955 ва ҳамсари ӯ З.Ҳ., ки соли таваллудаш 1957 аст, дар пиронсолӣ кори номақбулеро иҷро карда, назди мардум рӯсиёҳ гардид, — менависад нашрияи «Postda.uz».
Гап дар сари он аст, ки байни зану шавҳаре, ки солҳои дароз ба як болин сар монда, чор нафар фарзандро соҳиби хонаву ҷой кардаанд, моҷаро ба миён омадааст. Ин аз он сабаб буд, ки З.Х. бидуни рухсати шавҳараш, ба хонаи хоҳараш мунтазам рафту омад кардааст.
Дар аввал, У.З. ба ҳамсараш бо суханҳои нарм гуфт, ки дар карантин ба хона ором нишинад. Аммо занаш ба суханҳои шавҳараш парвое накарда, мувафиқи хости худ амал кард.
Рӯзи 4 -уми апрел, соати 11:30, зану шавҳар боз баҳс карданд. Дар натиҷа, шавҳар ба хашм омада, зани худро бо корди ошхона зада ҷароҳат расонид.
Ҳоло аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз карда шуда, ҳаракатҳои тафтишотӣ бурда мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ