Вазъият дар Эрон беҳтар мегардад

Вазъият дар Эрон беҳтар мегардад

  • Post category:Ҷаҳон


Вазорати тандурустии Эрон бо ишора ба ибтилои 73 ҳазору 303 нафар дар кишвар ба вируси корона эълом кард, то кунун 45 ҳазору 983 нафар аз ин беморон, беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд, хабар дод Парстудей.
Ба иттилои манбаъ, Киёнуши Ҷаҳонпур, раиси маркази равобит умумӣ ва иттилорасонии Вазорати тандурустии Эрон рӯзи душанбе дар гуфтугӯ бо хабарнигорон бо ишора ба идомаи раванди нузулии ибтило ба вируси корона дар кишвар тасреҳ кард, дар 24 соати гузашта ва бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, 1 ҳазору 617 бемори ҷадиди мубтало ба КОВИД-19 дар Эрон шиносоӣ шуд.
Ҷаҳонпур ҳамчунин бо ишора ба фавти 111 нафар дар 24 соати гузашта, гуфт, фавти ношӣ аз вируси корона дар Эрон ба 4 ҳазору 585 нафар расидааст.
Таъкид шудааст, ки ҳамзамон бо иқдомоти пешгирона ва дармонии давлати Эрон бо кумаки нерӯҳои мусаллаҳ, фароянди ташхиси зудҳангом, радёбии афроди дар тамос бо мубталоён, ҷудосозии беморон (карантин) ва дармони афроди мубтало ба вируси корона бо ҳамроҳии ҳамаи ақшори мардуми Эрон, ба суръат дар ҳоли анҷом аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ