Дар Ленинград 16 ҳолати нави сироятшавӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шуд. 10 нафари онҳо муҳоҷирони меҳнатӣ

Дар Ленинград 16 ҳолати нави сироятшавӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шуд. 10 нафари онҳо муҳоҷирони меҳнатӣ
  • Post category:Ҷаҳон


Дар вилояти Ленинград 16 ҳолати нави сироятшавӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад идораи фаврии вилояти Ленинград бо истинод ба шӯъбаи минтақавии Хадамоти Роспотребнадзор.
Қайд карда мешавад, ки ҳама ҳолатҳои сироятёбӣ дар рӯзи гузашта сабт шудаанд.
Манбаъ зикр мекунад, ки аз миёни 16 ҳолати сироятшавӣ, 10 маврид ба вуҷуди муҳоҷирони меҳнатӣ ошкор шудааст, ки ҳамаи онҳо дар хобгоҳи ноҳияи Всеволожски вилояти Ленинград зиндагӣ мекарданд.
Ҳамин тариқ дар вилояти мазкур дар маҷмӯъ 155 ҳолати гирифторшавӣ ба коронавирус сабт гардидааст, ки 5 нафар аллакай комилан шифо ёфтанд.
Гуфта мешавад, дар вилояти Ленинград ягон ҳолати фавти маризон ба қайд гирифта нашудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ