Маоши роҳбарият ва мансабдорони Эквадор ба андозаи 50% кам карда мешавад

Маоши роҳбарият ва мансабдорони Эквадор ба андозаи 50% кам карда мешавад

  • Post category:Ҷаҳон


Президенти Эквадор Ленин Морено хабар додааст, ки дар вазъи хуруҷи коронавирус маоши раҳбарият ва мансабдорони Эквадор ба андозаи 50% кам карда мешавад. Дар ин бора РИА Новости хабар медиҳад.
“Ман тасмим гирифтам, ки маоши моҳонаи президент, ноиби президент, вазирон ва муовинони онҳоро ба андозаи 50% кам кунам. Вакилони парлумон ва ҳамаи мансабдорон низ ҳамин тавр мекунанд”, — навиштааст ӯ дар Twitter.
Қобили зикр аст, ки дар Эквадор 7466 ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта шуда, 33 нафар аз ин беморӣ фавтиданд.
Эквадор дар қисмати шимолу ғарбии Амрикоӣ Ҷанубӣ ҷойгир буда, беш аз 16 млн нафар аҳолӣ дорад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ