Намаки ошӣ дар рӯйхати доруҳои тавсияшудаи пешгирии коронавирус медарояд

Намаки ошӣ дар рӯйхати доруҳои тавсияшудаи пешгирии коронавирус медарояд


Садорати ҳифзи тандурустии Федератсияи Русия намаки оширо дар рӯйхати доруҳои профилактики коронавирус мешуморад. Чунки дар таркиби вай натрий хлор ҷойгир аст.
Мувофиқи тавсияи онҳо бо оби тайёкардашудаи намак яъне намакоб биниро афшондан мумкин. Вай бемориҳои сироятию шумораи бактерия ва патогенҳои вирусро кам мекунад. Инчунин ғарғара кардан бо намакоб самара медиҳад.
Хотиррасон мекунем, ки аз ҳама ҳимояи маъқул ин гигиенаи шахсӣ мебошад. Ба гигиенаи шахсӣ риоя карда, дар навбати аввал дастҳоро бо собун тез-тез шуста, ниқобҳои муҳофизатиро дар ду соат иваз карда, масофаи байниҳамдигариро нигоҳ дорем, ягон хел беморӣ наздик намешавад.
Ба саломатии худ ва дигарон бефарқ набошед!

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ