Саломатии беморони гирифтори коронавирус дар Самарқанд чӣ гуна аст?

Саломатии беморони гирифтори коронавирус дар Самарқанд чӣ гуна аст?

  • Post category:Саломатӣ


То 13-уми апрел шумораи беморони гирифтори коронавирус дар Самарқанд ба панҷ нафар расид. Ҳоло онҳо дар шифохонаи бемориҳои сироятии вилоят табобат мегиранд.
Хӯш ҳоло саломатии беморон чӣ гуна аст? Ба шифокороне, ки ба беморон хизмат мерасонанд, то чӣ андоза эътибор дода мешавад?
Бо ин мақсад бо иҷрокунандаи вазифаи сардухтури шифохонаи бемориҳои сироятии вилоят муроҷиат намудем.

  • Айни замон дар беморхонаи мо бо мақсади чораҳои эҳтиётӣ 250 кати иловагӣ омода карда шудааст, — гуфт Каримов. — Беморони гирифтори ин беморӣ дар хонаҳои алоҳида, дур аз шаҳрвандони карантинӣ табобат мегиранд. Дар беморхонаи мо барои табобати беморон ҳамаи шароитҳо муҳайё карда шудааст. Ҳамагӣ 49 нафар, аз ҷумла шифокорон, шифокорони тоифаи миёна ва кормандони дигар, хизмат мекунанд. Беморон дар ҳолати хуб қарор доранд, яке аз онҳо дар марҳилаи сиҳатёбӣ мебошад. Дар ин бемор аломатҳои клиникии хоси коронавирус ҳангоми табобат қариб дида намешаванд. Мо ҳар рӯз бо шифокорон дар шакли занги видеоӣ ҳамсӯҳбат шуда, аз вазъият огоҳ мешавем. Инчунин, бо мутахассисони тошкандӣ ва хориҷӣ мунтазам ба воситаи зангҳои видеоӣ ва гуфтугӯи телефонӣ мулоқот мекунем.
    Беморони самарқандӣ низ дар асоси тавсияҳои онҳо табобат мегиранд.
    Духтурон бо тамоми воситаҳои муҳофизатӣ таъмин мебошанд.
    Дар шифохонаи бемориҳои сироятии вилоят ба туфайли табобати беморони гирифтори коронавирус барои беморони гирифтори бемориҳои дигари сироятӣ беморхонаи алоҳида ташкил карда шудааст.
    Ҳоло дар шифохонаи воқеи қӯрғони Кимёгарон як қатор шифокоронии соҳибмалакаи ин шифохона фаъолияти пурсамар мебаранд.
    Барои маълумот, имрӯз дар вилоят мо 2361 шаҳрванд таҳти назорати карантин қарор доранд. 460 нафари онҳо дар шароити статсионарӣ таҳти назорати тиббӣ қарор доранд.
    Гулрух Мӯминова.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ