Саида Мирзиёева: Мо аз ҳамаи онҳое, ки дар вазъияти душвор ҷонибдорӣ мекунанд, миннатдорем

Саида Мирзиёева: Мо аз ҳамаи онҳое, ки дар вазъияти душвор ҷонибдорӣ мекунанд, миннатдорем


Ҷонишини раиси Шӯрои васигии Хазинаи ҷамоатии дастгирӣ ва ривоҷдиҳии масс-медиаи миллӣ Саида Мирзиёева, дар бораи тадбирҳои хайриявие, ки аз ҷониби Хазина дар доираи пандемия аз коронавирус анҷом дода мешавад, маълумот дод.
“Дар ин рӯзҳои хатарнок даҳҳо ҳазор одамон бо ҳамдигар дасти ёрӣ дароз карда, ба ҳамдигар дилҳои худро тақдим мекунанд ва якдигарро дастгирӣ мекунанд. Ташкилоти мо низ дар ин кор фаъолона ширкат меварзад.
Аммо пандемия моро водор сохт, ки ба масъалаи кӯмак ба одамони ниёзманд бо назари дигар нигарем. Ҳангоми расонидани кӯмак, ба қоидаҳои «мустақим муошират накардан» риоя кардан лозим аст, ки то ба оқибадҳои бад нарасонад. Ҳамин тавр, лоиҳаи «Ёрии бехатар» пайдо шуд.
Мо барои занҳо ҳазор адад карточкаҳои Узсард омода намудем, ки вазъи молиявии онҳо аз сабаби карантин бад шудааст ва барои ин аз Хазинаи ҷамоатӣ як миллиард сӯм ҷудо кардем. Дар саросари кишвар ҳазорон занони бекор, ки ба ҳифзи иҷтимоӣ ниёз доранд, фарзандони худро танҳо ба воя мерасонанд, интихоб гардид. Ба мо барои тартиб додани рӯихати онҳо як қатор ташкилотҳо ва гурӯҳҳои хоҳишмандон, аз ҷумла, Комиссия оид бамасъалаҳои таъмини баробарии Гендери Ҷумҳурияти Ӯзбекистон, шӯъбаи ҷинояткорӣ ва профилактикии СКД дар Тошканд, Вазорати дастгирии оила ва маҳалла, Маркази мувофиқгардонии хайрияи ҳомигӣ кӯмак расониданд. Зеро онҳо аниқ медонанд, ки кӣ ба кӯмак мӯҳтоҷ аст.
Мо ба ҳамаи онҳое, ки дар ин лоиҳа саҳм гузоштаанд ва ба мо кӯмак карданд, ташаккур мегӯям. Дар давоми даҳ рӯз ҳар як ҳазор карточка ба соҳибаш супорида мешавад.
Имрӯз, чун дар тамоми ҷаҳон, мо низ бӯҳрони иқтисодиро аз сар мегузаронем. Аммо боварӣ дорам, ки дар чунин як рӯзи озмоиш беҳтарин пешниҳодҳо ва ғояҳои беҳтарин, ки мардуми моро муттаҳид мекунанд, тавлид хоҳанд шуд », — навиштааст Саида Мирзиёева.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ