Нисоби закот барои соли 2020 эълон гардид


Идораи мусулмонони Ӯзбекистон, ҳайъати Фатво миқдори нисоби закоти соли 2020 — ро аниқ намуда, эълон кард. Одатан ин, ҳар сол дар моҳи Рамазон эълон карда мешуд.
,, Лекин имсол, бо сабаби пандинемияи коронавирус ва бо мақсади пешгирии он, дар диёрамон карантин эълон карда шуд, безарурат аз хона баромадан номумкин шуда монд. Дар ин холат қисми аҳолиро зарурати ёрии моддӣ пайдо мешавад ва дар айни ҳол аҷру савоби амалҳои нек лоиқи таҳсин аст. Дар ҳамин вазиат онҳое, ки молашон ба нисоб расидааст, закоташонро ба ҳақдор медиҳан, савоби калонро соҳиб мегарданд»- гуфта мешавад дар қарор.
Идораи мусулмонони Ӯзбекистон ва ҳайъати Фатво 1грамм тиллоро бо нархи миёна 250.000 (дусаду панҷоҳ ҳазор) сӯм ба эътибор гирифта нисоби закоти соли ҷориро ба (85грамм тилло) 21250.000 (Бисту як миллиону дусаду панҷоҳ ҳазор) сӯм ҳисоб карданд. Қимати мазкур аз 40 як қисм (1/40) яъне ба 531 250 (Панҷсаду сию як ҳазору дусаду панҷоҳ ҳазор) сӯм баробар мешавад. Бино бар ин, ғайр аз эҳтиёҷи зарурӣ шахси мусулмон дар давоми сол аз 21250.000 зиёд маблағ дошта бошад, ба сифати закот ба ягон шахси камбағал ва фақир диҳад, закоташ қабул мегардад.
Пештар аз ин шӯрои Уламои идораҳои мусулмонони Ӯзбекистон дар хусуси моҳи Рамазон Фатво қабул намуда, маросимҳои ифторро манъ карда шуда буд ва қарор карда шуд, ки он маблағи ифторро ба одамони мӯҳтоҷ диҳанд.
Манбаъ: Kunuz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ