Қазоқистон ҳаракати воситаҳои нақлиётӣ ба Тоҷикистонро манъ кард

Қазоқистон ҳаракати воситаҳои нақлиётӣ ба Тоҷикистонро манъ кард

  • Post category:Ҷаҳон


Хабаргузории «Парс тудэй» дар интинод ба расонаҳо иттилоъ додааст, ки Қазоқистон ҳаракати васоили нақлиётӣ ба Тоҷикистонро мамнӯъ кардааст.
Ҳукумати Қазоқистон тасмими мамнуияти ҳаракати васоили нақлиётӣ ба чанд кишвар, аз ҷумла Ҷумҳурияти Тоҷикистон ва Туркманистонро гирифтааст, менависад манбаъ.
«Ин мамнуият шомили худравҳои шахсӣ ва мусофирони Точикистон, Туркманистон ва Қазоқистон мешавад, ки акнун транзити ин васоили нақлия ва шаҳрвандони хориҷӣ низ мумкин нест», — тавзеҳ медиҳад манбаъ.
Ба гуфтаи коршиносон ин иқдоми ҳукумати Қазоқистон, ба манзури ҷилавгирӣ аз паҳншавии вируси карона андешида шудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ