Шифокорони Русия дар Италия гирифторони коронавирусро табобат мекунанд

Шифокорони Русия дар Италия гирифторони коронавирусро табобат мекунанд
  • Post category:Ҷаҳон


Шумораи гирифторони коронавирус дар Италия 159,5 ҳазорро ташкил медиҳад. Қурбони ин вируси даҳшатбор бештар аз 20 ҳазор бемор гаштаанд.
Вазъ дар Италия ваҳим арзёбӣ мешавад. Маркази беморӣ дар кишвар минтақаи Ломбардия гардид, ки аз он аввалин гирифторони КОВИД-19 пайдо гардиданд.
Моҳи март Русия ба Италия барои мубориза бо коронавирус 15 ҳавопаймо кӯмакҳои башардӯстонаи иборат аз маводи тиббӣ ва таҷҳизоти зарурӣ ирсол кард.
Сипас шифокорони рус барои табобати итолиявиҳо равон карда шуданд. Онҳо дар беморхонаи машҳури Бергамо ба табобати беморон шурӯъ карданд. 
Шифокорони Русия аллакай 30 гирифтори коронавирусро бо табобат фаро гирифтаву 8 нафарашонро пурра табобат карда, ба хонаҳояшон ҷавоб додаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ