Имрӯз зодрӯзи сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ Мавқеи олимони самарқандӣ дар таҳқиқи паҳлӯҳои гуногуни фаъолияти Айнӣ



Устод Садриддин Айнӣ на танҳо асосгузори адабиёти нави тоҷик, нависанда ва шоири маъруф аст, балки бунёдгузори фарҳанги навини халқи низ ба шумор меравад. Ӯ аз зумраи бузургтарин фарзандони халқҳои тоҷику ӯзбек аст, ки дар нимаи аввали асри ХХ дар Самарқанди донишафзо машъали илму маърифатро афрӯхта, роҳи мардумро ба оянда равшан сохтааст. Биноан, осори фаровони илмиаш ба пешрафти илму фарҳанги ин қадимшаҳр мусоидат намуда, дар тарбияи мардуми он нақши калон мебозад.
Дар ин замина, махсусан осори адабиётшиносии устод Айнӣ, ки дар рӯҳияи баланди ватандӯстиву ифтихори миллӣ офарида шудаанд, ҷолиби диққат мебошанд. Ӯро барҳақ поягузори илми адабиёшиносии нави тоҷик меноманд. Зеро аввалин асарҳои илмии адабиётшиносӣ ба мафҳуми имрӯзааш дар ибтидои асри ХХ маҳз дар Самарканди биҳиштосо аз ҷониби ӯ навишта шудаанд. Чунончӣ, «Намунаи адабиёти тоҷик»-и устод Айнӣ аз аввалин асарҳои муҳими адабиё­тшиносӣ ба шумор меравад. Асарҳои дигари илмии ӯ «Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино» (1939), «Устод Рӯдакӣ» (1940), «Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ» (1940) низ дар ҳамин рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ таълиф шудаанд. Инчунин, асарҳои ӯ дар бораи Зайниддин Маҳмуди Восифӣ, Алишер Навоӣ, Камоли Хуҷандӣ ва махсусан Мирзо Абдулқодири Бедил аҳамияти калони илмиро моликанд, ки то имрӯз арзиши худро гум накардаанд.
Хидмати С. Айнӣ дар пешрафти илми забоншиносии тоҷик низ хеле калон аст. Аввалин мақолаҳои ӯ оиди мас­ъалаҳои забоншиносӣ дар Самарқанд навишта шуда, дар онҳо бахусус соддагиву покизагӣ ва ба мардум наз­дик кардани забони адабӣ, омӯхтан ва истифода кардан аз сарвати лаҳҷаҳо амиқ таҳқиқ шудаанд. Инчунин, дар он рӯзҳое, ки матбуоти тоҷик ташкил меёфту нахустин китобҳои дарсӣ таълиф мешуданд, сари баҳс ва гуфтугӯҳои ҷиддӣ устод Айнӣ меистод. Ӯ аз як тараф бо ҳикояву қисса ва романҳои худ намунаи хуби забони адабиро нишон дода бошад, аз сӯи дигар бо асарҳои илмӣ, мақолаву номаҳо ва луғату фарҳангҳо мардумро бо ганҷинаи забон ошно кардааст.
Устод Айнӣ дар мактубҳои ба адибону забоншиносон навиштааш ба масъалаи покиза доштани забони адабии тоҷик таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, онҳоро ба омӯхтани забони халқ ва истифодаи дурдонаҳои он даъват мекунад. Ба ҳамин мақсад луғати тафсилии забони тоҷикиро офарида, дар таҳрири луғатҳои русӣ-­тоҷикӣ ва тоҷикӣ-­русӣ фаъолона ширкат варзидааст.
Айнии қадршинос ҳамеша поси хотири некиҳои мардуми Самарқанд мекард, ки дар он рӯзҳои пуршару шӯри ҳаёташ ӯро дар оғӯши гарму нарм гирифта, чун фарзанд навозиш намудаасту ба тани абгораш малҳам шудааст. Биноан, дар мавқеаш дар бораи обу ҳаво, табиати ин қадимшаҳри биҳиштосо мисраъҳои дилнишин офарида, дар тазкираи «Намунаи адабиёти тоҷик» доир ба эҷоди адибони самарқандӣ бо самимият сухан рондааст.
Дар китоби «Таърихи амирони манғитияи Бухоро» бошад, воқеаҳои таърихии дар Самарқанд рӯйдодаро дақиқназарона қаламдод намудааст. Ин аст, ки меҳру оқибат, самимияту эҳтироми мардуми Самарқанд нисбати ӯ бузург мебошад.

Дар китобҳои бисёрҷилдаи «Ҷашнномаи Айнӣ» ва «Садриддин Айнӣ дар хотири дӯстон ва шогирдон» мақолаҳои илмӣ ва ёддоштҳои пурмӯҳтавои аҳли илму фарҳанги Самарқанд, чун Тӯрақул Зеҳнӣ, Наберахоҷа Валихоҷа, Абдуқодир Ҷомеъ, Ҳасан Ирфон, Фахриддин Маъруфӣ, Исмоил Акрам, Мардонқул Муҳаммадиев, Воҳид Абдуллоев, Раҳим Муқимов, Ботурхон Валихоҷаев ва дигарҳо ҷойгоҳи муносиб доранд, ки нишони гуфтаҳои болоиянд. Чунончӣ, академик Воҳид Абдулло ёдовар шудаанд, ки ҳанӯз хангоми дар мактаби усули нави Шакурӣ хондан бо устод Айнӣ вохӯрда, минбаъд шавқи эҷодиёти ӯ якумра дар дил маъво гирифтааст. Тазкираи ба тозагӣ нашршудаи ӯ «Намунаи адабиёти тоҷик»-ро бо завқи беандоза мутолиа карда, аз файзи сӯҳбатҳои адиб, ки дар дӯкони Иброҳимҷонака Ниёзӣ (бародари калонии адиби маъруф Фотеҳ Ниёзӣ) ба вуқӯъ мепайвасту он ҷо падари меҳнатқаринашон кор мекард, бо шавқ нақл кардаанд.
Устод Раҳим Муқимов ҳам ба туфайли Ҳабиб Юсуфӣ бо Садриддин Айнӣ шинос гаштанду минбаъд зери роҳбарии ӯ дар мавзӯи «Ҳаёт ва фаъолияти адабии Муҳаммад Шариф Гулханӣ» рисолаи номзадӣ

навиштанд, панду сабақҳои аз ӯ гирифтаашонро бо меҳру садоқат нақл кардаанд. Устоди шодравон таъкид намудаанд, ки маҳз ба туфайли устод Айнӣ минбаъд аз файзи сӯҳбатҳои адабии Мирзо Турсунзода, Комил Яшин, Мақсуд Шайхзода, Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода, Собир Абдулло, Асқад Мухтор ва дигар суханварони бузург баҳраманд гардидаанд.
Дар китоби тозанашри «Айнишиносӣ дар Самарқанд» (Тошканд, 2019), ки таҳти рукни «Китобхонаи «Овози Самарқанд» нашр шудааст, низ ҳамин гуна навиштаҷоти пурмӯҳтавои аҳли илму эҷоди бадеӣ – Раззоқ Ғаффоров, Шавкат Шукуров, Аслиддин Қамарзода, Амон Воҳидов, Ато Аҳроров, Баҳор Хуррамзод, Ғафурҷон Маҳмудов, Нӯъмон Маҳмудов, Шавкат Ҳасанов, муаллифи ин сатрҳо ва Салим Кенҷа, Абдукарим Ғанизода, Адаш Истад, Нусрат Раҳмат, Бахтиёр Ҷумъа ва дигарҳо гирд оварда шудааст.
Устод Айнӣ дар тарбияи адабиётшиносони Самарқанд, бешубха, саҳми муносиб дорад. Ӯ чандин пажӯҳишгарони ҷавонро ба арсаи илм ҳидоят намуда, нисбаташон ғамхорию раҳнамоӣ намудааст, ки миёнашон номи мубораки устодон Воҳид Абдуллоев, Раҳим Муқимов хоса бо эҳтиром ба забон гирифта мешавад.
Воқеан, устод Айнӣ ба арсаи адабиётшиносӣ ҳамчун навоишинос ворид шудани Воҳид Абдуллоев, Саида Нарзуллоева барин олимони самарқандӣ сабабгор шудааст. Бо маслиҳати ӯ В. Абдуллоев мавзӯи «Ҳаёт ва фаъолияти адабии Алишер Навоӣ дар Самарқанд»-ро мавриди таҳқиқот қарор дода, охири солҳои 30-юми асри сипаришуда аввалин шуда ҳаёт ва эҷодиёти султони мулки ғазалро дар Самарқанд мӯшикофона таҳлил менамояд. Рисолаи номзадии ӯ 31-уми майи соли 1941 дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд бомуваффақият ҳимоя карда мешавад, ки ба он устод Айнӣ баҳои баланд дода буд ва рисола минбаъд дар солҳои гуногун чор маротиба бо унвони «Навоӣ дар Самарқанд» интишор мегардад.
Устод Айнӣ дар солҳои 1944-1948 мудири кафедраи адабиёти ӯзбеки Донишгоҳи давлатии Самарқанд буду ташкили кори кафедра ба ӯхдаи академик ва ректори минбаъда Воҳид Абдулло буд. Ба қавли академик Ботурхон Валихӯҷаев, адиби таърихшинос ва олими дурандеш Айнӣ дар интихоби мавзӯи рисолаи доктории В. Абдулло «Адабиёти ӯзбек дар асрҳои XVII-XVIII дар Хоразм» низ ҳиссаи калон гузоштааст. Зеро солҳои 40-уми асри гузашта ин мавзӯъ бояду шояд таҳҳиқ нагардида буд ва баъзе муҳаққиқон аз мавҷудияти доираи адабии ин аҳд дар Хоразм шубҳа карда, ҳатто изҳор менамуданд, ки гӯё ҳаёти адабӣ дар ин марҳила он ҷо қатъ шуда бошад. Олими пуркору пурбор В. Абдуллоев дар асоси маслиҳатҳои устод Айнӣ санад ва манбаъҳои гуногуни таърихию адабиро меомӯзад ва нодуруст будани ин шубҳаю ақидаҳоро исбот мекунад.
Ҳамин тавр, устод Айнӣ бо фазилатҳои неки инсонӣ: олиҳимматӣ, фарохдилӣ, қадршиносӣ аз дили мардуми Самарқанд маъво гирифта буд. Мисолан, ду мақолаи публисистиаш – «Толибилмони мо дар хориҷа чӣ ҳол доранд?» ва «Боз доир ба толибилмони дар хориҷа будаи мо», ки моҳи декабри соли 1923 дар рӯзномаи вилоятии «Зарафшон» ба забони ӯзбекӣ ба табъ расидаанд, ин фазилатҳои ӯро равшан ифшо менамоянд.
Дар онҳо Айнӣ масъалаи ба толибилмони дар хориҷабуда ғамхорӣ зоҳир намудан, ба онҳо кӯмаки моддӣ расонданро ба миён гузоштааст. Ӯ дар ин хусус навиштааст: «Ман ба дӯстони дар Самарқанд будаам як зиёфат доданам лозим аст. Зеро ки шаш сол боз дар Самарқанд зиндагӣ мекунам, дар ҳамин ҷо ҳавлию ҷой кардам. Вале то имрӯз ҳеҷ кас як пиёла чойи маро нанӯшидааст. Дар ин зиёфат ман бояд камаш 20 нафарро даъват кунам. Азбаски зиёфатҳои ман барин шахсон сермасраф мешавад, ба зиёфати 20 нафар бояд ду червон харҷ кунам. Ман аз баҳри ҳамин зиёфат мебароям ва ду червони ба он сарф мешударо ба фоидаи талабагони дар хориҷ буда ба «Кӯмак уюшмаси» ҳадя мекунам.
Ман аминам, ки зиёфати маро хӯрданде, нахӯрданд, дар хотири ҳеҷ кас намемонад. Вале ин ба толибилмон кӯмак мешавад. Агар ҳар кас дар ин бора ба андеша равад, метавонад хароҷоташро камтар карда, чизе ба шогирдонамон ҳадя намояд».
Мардуми Самарқанд гавҳаршинос аст. Вай хотираи дурахшони устод Айниро ҳамеша бо эътирофу эҳтироми беандоза пос медорад. Ба ин маънӣ, агар олими адабиётшиноси донишгоҳ Мирсафо Атоев дар асоси маводи романи «Дохунда»-и Айнӣ рисолаи номзадӣ навиштаву ҳимоя карда бошад, олимони барӯманд Ботурхон Валих

оҷаев «Муҳаққиқи бузурги ду адабиёт» (дар ҳамкорӣ бо Раҳим Воҳидов) (Душанбе. 1978), Талъат Абдуҷабборов «Ҳаёт ва эҷодиёти Садриддин Айнӣ» (Душанбе, 1978), Абдукарим Ғанизода «Фаъолияти педагогии Садриддин Айнӣ» (Тошканд, 1965) барин рисолаҳои илмӣ навиштаанд. Устодони кафедраи забон ва адабиёти тоҷики донишгоҳ ба муносибати садумин зодрӯзи адиб маҷмӯаи мақолоти илмиро таҳти унвони «Ҷашнномаи Айнӣ» интишор дода, соли 2003 бо номи «Эҷоди адабии Садриддин Айнӣ» анҷумани бошукӯҳи байналхалқӣ ороста буданд, ки маводи он ҳам ба тадқиқ ва таҳлили паҳлӯҳои мухталифи дарахти сербору сершохи ҳаёт ва осори устод Айнӣ бахшида шудааст.
Ҳамин нишони меҳру садоқат нисбати Айнӣ буд, ки устодони зиндаёд Воҳид Абдуллоев, Раҳим Муқимов, Ботурхон Валихоҷаев аъзоёни доимии Кумитаи Айнӣ буданду дар маҷлисҳои он, ки ҳар сол дар Тоҷикистону қадамҷойҳои адиб таҳти унвони «Солонаи устод Айнӣ» баргузор мегашт, фаъолона ширкат варзида, бо маърӯзаи шавқовар баромад мекарданд. Дар Хона-­музейи устод дар Самарқанд бошад, зуд-­зуд сӯҳбатҳои адабӣ гузаронида, вохӯриҳои худро бо устод Айнӣ ба хотир меоварданд.
Фарзанди номбардори адиб – Камол Айнӣ, ки ӯро Воҳид Абдуллоев ҳамчун устодзода эҳтиром мекард, дар ҷанозаи Айнӣ ҳамроҳи арбоби намоёни ҷамъиятӣ Шароф Рашидов иштирок намудани гурӯҳи бузурги адибони самарқандиро бо сипосгузорӣ чунин ёдоварӣ намудааст:
– Сухани охирро ба Ш. Рашидов, ки дар Самарқанд бузург шуда, аз шахсиятҳои бовафо ва бо таъсири домулло Айнӣ тарбияёфта буд, доданд, ки сифатҳои домулло Айниро зикр карда гуфт: Устод Садриддин Айнӣ мисли мавлоно Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ бузург буд. Ҳайфо, ки дар байни мо нестанд, вале ҳамеша бо моянд…
Шароф Рашидов гуфт: – Ин ҷо ҳамроҳи мо яке аз шогирдони домулло Айнӣ Воҳид Абдулло ҳузур доранд. Воҳид Абдулло бо шунидани даргузашти устодашон беист гиря мекард.
Шароф Рашидов аз Воҳид Абдулло хоҳиш намуд, ки ҳамон қитъае, ки Мир Алишер Навоӣ ба муносибати даргузашти Абдураҳмони Ҷомӣ навиштаанд, қироат кунанд, ки хеле баҷост. Воҳид Абдулло бо пиростагӣ ва тавоноӣ ин марсияро қироат кард:
Мардум аз анҷумани
чарх ҷафои дигар аст,
Ҳар як аз анҷуми ӯ доғи балои дигар аст…
Ҳамин тавр, устод Айнӣ дар умри бобаракоти худ барои халқу Ватан хизматҳои шоиста карда, ҳамчун адиби забардаст, муаррихи касбӣ, адабиётшиносу забоншиноси нуктасанҷ, луғатшиноси борикбин, муҳаррири адабӣ, муаллифи китобҳои дарсӣ, тарҷимони бомаҳорат, журналисти соҳибзавқ ба эътироф ва эҳтироми умум муваффақ гаштааст. Аз ин боис, имрӯз ҳам дар бораи фаъолияти серсоҳаи ӯ тадқиқотҳои муфид офарида мешаванд, ки дар ин ҷода саҳми олимони Самарқанд назаррас аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ