«Овози Самарқанд» – дилу ҷони Самарқанд


Муқаддас шаҳрию номат муқаддас,
Ҳавоят, фаслу айёмат муқаддас.
Ман аз ҳусни дилафрӯзи ту мастам,
Маро, охир, маю ҷомат муқаддас.
Абдукарим ҒАНИЗОДА.
Ману модари фарзандонам аз ин 40 сол пеш Донишкадаи олиро дар Самарқанди бароямон азиз хатм кардаву баъди донишҷӯи ДДС гаштани фарзандонамон Фирдавсу Вафодор дар омади гап гӯшрас мекардем, ки солҳои таҳсили мо дар Самарқанд «Тоҷиккитоб» мавҷуд буду кулли китобҳое, ки шумо имрӯз истифода мебаред, аз он ҷо харид карда шудааст. Вафодор гӯш карда меистоду Фирдавс ҳозирҷавобӣ менамуд:
– Вақти Шумо хондан «Овози Самарқанд» набуд-­дия! Ба ростӣ сухани ӯ моро хушҳол месохт. Зеро «Овози Самарқанд» арзандаи ҳама гуна ифтихор ва сарбаландию рӯсурхии Самарқанду самарқандиён аст. Он сон ки соҳибдиле гуфтааст:
«Овози Самарқанд»-у дили бози Самарқанд,
Парвозӣ шуд ин шоҳини шаҳбози Самарқанд.
Ин мулки ниёгон ҳама дам вирди забон аст,
Бо тори дилам ҷӯш бувад сози Самарқанд.
Соли 2011 баъди 31 соли хатми Донишкада мо – ҳамкурсон дар Самарқанд вохӯрдем ва хотиротам бо номи «Буд зебо, боз зебо шудааст» дар «Овози Самарқанд» рӯи чопро дид. Ва имрӯз ба рӯзномаи бароямон мӯътабар мукотибаи доимӣ дорам, навиштаҳоям ҳар замон чоп шуда меистад. Зиёда аз ин боиси сарфарозиҳост, ки оиди оилаи мо рӯзнома маводеро бо номи «Яке аз ҳазорон ошиқи Самарқанд» дарҷ намуд ва ҳурматам нисбати рӯзномаву ходимонаш боло гашт. Гуфтанист, ки ғоибона бошад ҳам, аксари ходимони «Овози Самарқанд»-ро мешиносам ва сӯҳбати ҳамешагии телефонӣ дорам.
Фарзанди донишҷӯям Вафодор дар «Мактаби маҳорати журналистони ҷавон»-и назди рӯзнома таҳсил намуда, аз журналистони касбӣ Баҳодур Раҳмонов, Бахтиёр Ҷумъа, Тошқул Азимзода, Фаридуни Фарҳодзод, Фозил Шукурзода, Ҷамшеди Асрор ва чанде дигарон асрори рӯзноманигорӣ омӯхта, имрӯзҳо равуояш ба «Овози Самарқанд» канда нест. Навиштаҳояш мунтазам рӯи чопро мебинад ва қайд бояд кард, ки Вафодор маҳз туфайли хабару мақолаҳояш бо шахсиятҳои нотакрори Самарқанд Салим Кенҷа, Шукруллохон Вализода, Абдукарим Ғанизода ва чанде дигарон шинос гашт.
Ин аст, ки дил лабрези шодӣ чанд сатри парешро андаке ба таъхир бошад ҳам баҳри табрики 30-солагии рӯзномаи азизи на танҳо самарқандиён, инчунин, боиси ифтихори тоҷикони ҷумҳурӣ «Овози Самарқанд» ирсол медорам. Ва аз таҳти дилу назари некбинона мехоҳам гӯям: Бигзор то дунё боқист, Самарқанд ҳам бошаду «Овози Самарқанд» ҳам:
Аз лутф туро лутфи Худованд бас аст,
Аз Рӯдакии закӣ ду-­се панд бас аст.
Хоҳӣ, ки даҳони худ ширин бикунӣ,
Бар коми ту як ҳарфи Самарқанд бас аст.
Собири ШОҲОНӢ.

Баҳриддин ТОҶИДДИНОВ,
рӯзноманигор аз ноҳияи Сӯхи
вилояти Фарғона.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ